Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Ҳастии ҳар як миллат аз ҳастии забони модарияш вобаста аст.

 

bahor

«Дар хотир бояд дошт, ки забон дар ҳама давру замонҳо яке аз омилҳои асосии пойдории истиқлолияти миллӣ мебошад».

Эмомалӣ Раҳмон 

Президенти ҶумҳурииТоҷикистон

Забони тоҷикӣ, бешубҳа арзиши бузурги миллӣ, мояи ифтихор ва пояи давлатдорӣ, нишонаи возеҳи истиқлолияти сиёсӣ ва таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи тоик ба ҳисоб меравад. Забони тоҷикӣ дар давоми ҳазорон сол бе тағйири асосӣ боқӣ монд. Барои имрӯзиён комилан дастрасу фаҳмо будани осори ҳазорсолаи ба ин забон нигошташуда борҳо аз сӯи муҳаққиқон ва пажӯҳишгарони миллатҳои мухталиф ҳамчун як мӯъҷиза таъкид шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба даст гирифтани роҳбарии кишвар барои рушди забони миллӣ ва таҳкими мақоми давлатии он дар умури сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ пайваста тадбирҳои муассир андешида, ҷиҳати пешбурди ин самти сиёсати миллӣ заминаҳои лозимро фароҳам овардааст. Дар тамоми давраи Истиқлолият забони мо дар мақоми забони давлатӣҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи эшон қарор дошта ва дорад.

Донистани забони миллӣ далели эҳтиром ба миллат, арзишҳои миллӣ ва таърихию фарҳангии хеш аст. Мо Забони миллиро дар баробари Модар ва Ватан аз муқаддасоти олӣ эътироф намуда, ин андешаро бо як ифтихори бузург аз миллати соҳибтамаддуни хеш дар зеҳни наслҳо низ парвариш медиҳем.

Собиқаи таърихии забони тоҷикӣ аз замони давлатдории Сомониён то имрӯз гувоҳи он аст, ки ин лаҳни шево ва забони ширину шоирона дар ҷаҳон ҳамчун забони илму адаб ва фарҳанги воло шуҳрат дорад. ҳақ ба ҷониби донишманд Виктор Дубовитский аст, ки дар ин бора чунин навиштааст: «Забони тоҷикӣ забони байналмилалии Ховари Миёна аст ва ин имконро дорад, ки дубора ин ҷойгоҳро соҳиб шавад». Воқеан, ҳар кас бо як сайри кӯтоҳ дар барномаҳои ҷаҳонии радиову телевизион ва сомонаҳои интернетиву ниҳодҳои ховаршиносии дунё ба ин натиҷа мерасад, ки ин забон бешакку шубҳа забони ҷаҳонист.Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун вориси барҳақи забони ноби тоҷикӣ ва роҳбару роҳнамои соҳибони он дар саросари дунё пайваста таъкид менамояд, ки интихоб, танзим ва истифодаи истилоҳу мафҳумҳои нави ҷаҳонӣ дар тамоми бахшҳои ҳаёти ҷомеа яке аз муҳимтарин вазифаҳои мост. Ҳамчунин, барои тақвияти истиқлоли фарҳанги миллӣ, пеш аз ҳама, пояҳои забони миллиро устувор кардан зарур аст. Зеро илми воқеан миллӣ дар асоси забони миллӣ таъсис ва ташаккул дода мешавад, ки инро таҷрибаи дигар кишварҳо собит кардааст.Масаъалаи забон ва хифзи он аз офатҳои замон ҳамеша дар миёни тоҷикон як масъалаи муҳим дониста мешуд. Донишмандон ва адибони мо дар давоми асрҳои гузашта, ба хусус асри 20 барои ҳифзи забони ноби тоҷикӣ талошҳои зиёде ба харҷ додаанд. Ба андешаи забоншиносон, агарчӣ меъёрҳо ва қолабҳои фикриву сиёсии замони Шуравӣ зарбае ба забонҳои миллии сокинони он зад, вале бо вуҷуди ин, забони тоҷикӣ нисбат ба дигар забонҳои ғайрирусӣ солимтару қавитар боқӣ монда, асолати худро то ҳадди зиёде ҳифз намуд. Масалан,  дар миёни дигар миллатҳои Шуравӣ адибони маъруфе ҳастанд, ки осори худро асосан ба забони русӣ офаридаанд, аммо ҳеҷ адиби маъруфи тоҷик аз забони модарии худ ба таври куллӣ даст накашид, ки ин ба ҳеҷ ваҷҳ нишонаи набуди ин гуна истеъдод дар миёни мо нест, балки натиҷаи муҳаббат ва садоқат ба забону фарҳанги худист. Ин аст, ки бо вазидани насими бозсозӣ дар охири даҳаи 80-и асри 20 ва пайдо шудани аввалин имконият, адибону равшанфикрон ва умуман ҷомеаи бедори тоҷик барои ба курсии расмӣ нишондани забони тоҷикӣ талоши бевақта ва дастҷамъонае анҷом доданд, ки дар он солҳо беҳтарин намоиши ирода ва ваҳдату якпорчагии миллӣ буд.Ниҳоят талошҳо ба самар нишастанд ва рӯзи 22-юми июли соли 1989 Шӯрои Олии Ҷумҳури Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон Қонуни забони тоҷикиро қабул намуда, ин забонро забони расмии Тоҷикистон эълон кард. Ин қонун ба муддати 20 сол мавриди амал қарор гирифт. Соли 2009 бо дарназардошти тағири шароит ва талаботи нав, бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  Қонуни нави забони давлатӣ қабул гардид. Бинобар ин, тасмим гирифта шуд, ки шуруъ аз соли 2010 рӯзи қабули Қонуни нави забон, яъне 5-уми октябр ҳар сол ҳамчун Рӯзи забони давлатӣҷашн гирифта шавад.Яке аз тадбирҳои ҳадафмандонаи ҳукумат дар татбиқи сиёсати давлат дар бораи забон таҳия ва пешниҳоди Барномаи стратегии рушди забони давлатӣ дар кишвар аст, ки метавонад дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ин сиёсат барои солҳои тӯлонӣ ҳамчун дастури муҳим ва муфид истифода шавад.Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сиёсати ҳифз ва тақвияти ҷойгоҳи забони тоҷикӣ соли 2008-умро соли Рӯдакӣ ва гиромидошти забони тоҷикӣ унвон кард, то таваҷҷӯҳи ҷомеаи Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани ҷойгоҳи забони давлатӣ бештар гардида, арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва эҳтиром ба бузургони фарҳангу адаби худро дар сатҳи ҷаҳон ба исбот расонад.Бо нигоҳе ба иқдомҳои илмиву фарҳангӣ ва маорифпарваронаи Сарвари давлат, ки ҳадафи аслии онҳо таваҷҷӯҳ ба арзишҳои гузашта, талош барои расидан ба зиндагии шоиста ва заминагузорӣ барои сохтани ояндаи беҳтар аст, дармеёбем, ки роҳбари давлат мардуми азизи худро қадам ба қадам ба сӯи хештаншиносиву худбоварӣ ва эъмори ҷомеаи воқеан ободу осуда пеш мебарад. Ин аст, ки ҳамзамон бо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва талошҳои самарабахш дар роҳи амнияти озуқаворию истиқлолияти комуникатсионӣ ва иқдому амали созии чорум ҳадафи стратегии мамлакат,  тарбияи маънавии ҷомеа ба сурати ҷиддӣ дар маркази таваҷҷӯҳи роҳбари давлат қарор дошту дорад.Роҳи пешгирифтаи Сарвари тоҷикони ҷаҳон Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон шоҳроҳи эътимоду боварӣ, умеду орзуҳои ҷовидона, раҳнамунсози миллати соҳибтамадуни тоҷик ба сӯи қуллаҳои баланди истиқлолияти давлатӣ, пешрафту созандагӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ ва худшиносию ҳуввияти миллӣ мебошад. Бешак, дар ин роҳ шоҳкориҳои боз ҳам арзишманду таърихӣ моро интизоранд, зеро он рохи интихобнамудаи раҳбари хирадпеша, нерӯҳои ақлонии мамлакат ва тамоми сокинони ин сарзамини фарҳангофар аст, ки аз гузашти таърих то имрӯз бо ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллии хеш, махсусан бо гиромидошти забони модарии худ тавонист мисли мурғи ҳумо ҷовидон боқи монад.

Олимҷон Забирзода Мудири бахши иттилоот ва робита бо ҷомеаи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 


Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, функсияҳои махсуси иҷроиявӣ, назоратӣ, иҷозатдиҳӣ ва функсияҳои дигари дар соҳаҳои байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо, ҳимояи растаниҳо, тухмӣ ва зотпарварӣ муқарраргардидаро анҷом медиҳад.