Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

ҲАМОИШИ НАВБАТӢ ДАР КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАХШИДА БА РӮЗИ 23 ФЕВРАЛ ҲАМЧУН РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.

ruziartish

        Таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон дастоварди истиқлолият буда, тӯли се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ  ба мактаби ҷасорату мардонагӣ табдил ёфта, садҳо ҷавонони бонангу номуси Ватан, матиниродаву ҷасурро тарбия намудааст.

      Ин дастоварди беназир тавассути сиёсати давлатсозию давлатофаринии  Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омада, бори дигар аз тавоноӣ ва қудрати азалии мардуми тоҷик шаҳодат медиҳад.

        Бо мақсади гиромидошти ин санаи таърихӣ, санаи 22-уми феврали соли 2021, дар  Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили  28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи 23-юми феврал дар мамлакатамон ҷашн гирифта мешавад, маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

      Дар ҳамоиш  мазкур,  роҳбарият, сардорини  раёсат, шуъбаву бахшҳо ва дигар кормандони мақомоти бехатарии озуқаворӣ  фаъолона иштирок намуданд.

         Нахуст, таҳти садо додани Суруди Миллӣ кори ҷаласаро Раиси Кумитаи бехатариии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло оғоз бахшида, тамоми кормандонро бахшида ба таҷлили  28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош намуда, сипас  дар атрофи таъсисёбии Артиши миллӣ маърӯза намуданд.

         Баён доштанд, ки Артиши миллии мо дар вазъияти бисёр ҳассоси тарихӣ, ки кишварро вазъи сиёсӣ таҳдид мекард,  таъсис дода шуд. Дар натиҷаи тадбирандешиҳои доимии  Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ, марҳила ба марҳила устувору қавитар гардида,  имрӯз бо кадрҳои дорои донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад.  Ҳамчунин ба як нерӯи пурқудрати дорои ҷузъу томҳои замонавӣ, ки он зодаи истиқлолияти давлатӣ аст, табдил ёфта,  фазои ҳудудии  кишварро аз ҳаргуна хатарҳо эмин нигоҳ медорад, такид карда шуд дар ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти бехтарии озуқаворӣ.

      Маврид ба зикр аст, ки Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари асосии сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошанд. Бо ин мақсад дар рафти ҳамоиш  суруд дар васфи афсарону сарбозони Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи монитор ба намоиш гузошта шуд, ки кормандон бо як эҳсоси баланд аз он дидан намуданд.     

        Бо садо додани  Суруди миллӣ ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ дар Кумитаи бехтарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  анҷом бахшида шуд.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ  КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ      НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

 


Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, функсияҳои махсуси иҷроиявӣ, назоратӣ, иҷозатдиҳӣ ва функсияҳои дигари дар соҳаҳои байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо, ҳимояи растаниҳо, тухмӣ ва зотпарварӣ муқарраргардидаро анҷом медиҳад.