Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ АВВАЛИ МУКОЛАМАИ МИЛЛӢ ОИД БА НИЗОМИ ОЗУҚАВОРӢ БАРОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПОЙТАХТИ КИШВАР ШАҲИ ДУШАНБЕ ДАР ҲОШИЯИ САММИТИ НИЗОМИ ОЗУҚАВОРИИ СММ

167502214 285613019744709 3113985720708410610 n

 

Санаи 31 марти соли 2021 дар меҳмонхонаи Ҳилтони пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Саммити низоми озуқавории Созмони Милали Муттаҳид, ки давоми моҳи сентябри соли 2021, дар назар аст, Муколамаи миллии низоми озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар муколамаи мазкур, намояндагони СММ, шарикони рушд, вазорату идораҳои давлатӣ аз ҷумла намояндагон аз Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати кишоварзӣ, Вазорати саноат ва техналогияҳои нав, Вазорати нақлиёт, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Агентии содирот, Хадамоти гумрук, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи соҳибкорон ва дигар намояндагони ВАО иштирок намуданд.

          Сараввал Ширинҷонзода М.Ш, Муовини якуми раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Ҳамоҳангсози миллӣ дар Муколамаи Саммити системаи озуқаворӣ бо сухани ифтитоҳии худ чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба низоми озуқаворӣ ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои худро баён намуд.

          Сипас, намояндагони созмону ташкилотҳои соҳавии байналмилалӣ, вазорату идораҳои давлатӣ андешаҳои худро тахассусӣ ва дар раванди музокира оид ба масаъалаи мазкур баён дошта, зикр намуданд, ки доир ба парвариш, истеҳсол, коркард, сифат ва мутобиқати маҳсулоти озуқаворӣ оиди ба истеъмол баровардан, инчунин содироти маҳсулотҳои озуқаворӣ ба кишварҳои дуру наздик ҳамчун як низоми мукаммали озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор тадбирандешӣ кардан бисёр муҳим аст.

          Инчунин, дар анҷоми даври якуми муколама таклифу пешниҳодҳо аз ҷониби Ҳамоҳангсози миллии муколамаи мазкур ва дигар намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, шарикони рушд вобаста ба нақшаи минбаъда оид ба низоми озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ баён карда шуд.

          Ёдовар мешавем, ки бо супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани Муколамаи миллии саммити низоми озуқаворӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъули иҷрокунандаи чорабинии мазкур, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид аст.

          Бо ин мақсад Ҳамоҳангсози миллии Муколамаи низоми озуқаворӣ аз ҷониби Раиси Кумита, шахсан муовини якуми раиси Мақомоти бехатарии озуқаворӣ таъин гардида, дар якҷойягӣ бо ҷонишин, фасилитатор ва куратори интихобгашта, то анҷоми се марҳилаи баргузории Муколама, ки то охири соли равон бо мақсади низоми озуқаворӣ ва наздик шудан ба ҳадафҳои рушди устувори кишвар ба нақша гирифта шудааст, фаъолият мебаранд.

         Умед аст, ки Муколамаи имрӯза ва иштироки фаъоли намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, шарикони рушд ва дигар намояндагони ВАО барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани чорабинии мазкур оид ба низоми озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, функсияҳои махсуси иҷроиявӣ, назоратӣ, иҷозатдиҳӣ ва функсияҳои дигари дар соҳаҳои байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо, ҳимояи растаниҳо, тухмӣ ва зотпарварӣ муқарраргардидаро анҷом медиҳад.