Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Баррасии фаъолияти нимсолаи якуми Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

 

sardorjambasti

 

 

 

nimsola

         Имрӯз дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумита, муовинон, сардорони раёсат, шуъба, бахш ва мудирони марказҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ фаъолияти нимсолаи якуми соли 2021-и мақомоти бехатарии озуқаворӣ баррасӣ карда шуд.

   Муовини раиси Кумита сараввал вобаста ба дастовард ва мушкилотҳои соҳавӣ дар самти байторию зотпарварӣ, фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ баромад намуда, дар раванди музокира ҳалли масалаҳои ҷойдошта аз ҷониби роҳбарияти Кумита муҳокима ва мавриди таҳлил қарор дода шуд.

   Сипас тибқи вақти муайншуда сардорони раёсат, шуъба, бахш ва мудирони Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ вобаста ба дастовардҳои нимсолаи  якуми фаъолияти кории худ дар соли 2021 ва ҳалли камбудиҳои ҷойдошта дар самти таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ баромад намуданд.

      Пас аз баромади зерсохторҳои Кумита таъкид карда шуд, ки солими аҳолӣ аз истеъмоли маҳсулоти бехтари озуқаворӣ вобаста аст. Бо ин мақсад ҳар дастурҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъмини бехтарии маҳсулоти озуқаворӣ ба Кумита фармоиш дода мешавад, сарбаландона он бояд дар заминаи тадбиқи қонун ва барномаҳои амалкунандаи соҳавӣ саривақт иҷро гарданд.

     Аз ин рӯ,  назорат ва таъмини маҳсулоти бехатари озуқаворӣҳамчун ҳадафи стратегӣ рисолати асосии фаъолияти кории мақомоти бехатрии озуқавориро ташкил дода, маҳз бо густариши ҳамкориҳо бо  ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба роҳ  мондани корҳои фаҳмондадӣ ҳӣҷиҳати баланд бардоштани маданияти хариду фурӯш ва истеъмолии аҳолӣ ва таҳияи ролику барномаҳои тарғиботию ташвиқотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма дар ин самт, имкон медиҳад мо ба ҳадафи дар пешгузоштаи худ яне таъмини амнияти озуқаворӣ ва бехатарии он  ноил  гардем зикр карда шуд дар натиҷагирии ҷамбасти нимсолаи якуми фаъолияти корӣ дар соли 2021, аз ҷониби роҳбарияти Кумита.

Маркази матбуотии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 


Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, функсияҳои махсуси иҷроиявӣ, назоратӣ, иҷозатдиҳӣ ва функсияҳои дигари дар соҳаҳои байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо, ҳимояи растаниҳо, тухмӣ ва зотпарварӣ муқарраргардидаро анҷом медиҳад.