Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2021

nishastsar

nishasti

       Санаи 15 июли соли 2021, дар асоси Нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ  дар вазорату идораҳо оид ба ҷамбасти фаъолияти нимсолаи якуми соли 2021 дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотии раиси Мақомоти бехатарии озуқаворӣбаргузор гардид.

   Дар ин нишаст сараввал раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло баромад намуда, қайд намуданд, ки роҳбарияти Кумита аз ҳамкорӣбо намояндагони воситҳои ахбори омма, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд қаноъатманд буда, маҳз дар нимсолаи якуми соли равон вобаста ба дастовардҳои Кумита оид ба таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, ҳамчун ҳадафи стратегии ҳукумати мамлакат беш аз 40 гузоришу барномаҳои телевизионию радиоӣ таҳия гардида, инчунин 5 мақола вобаста ба таъмини маҳсулоти озуқаворӣ, бахусус бахшида ба рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, рӯзи ҷаҳонии бехатарии озуқаворӣ омода ва пешниҳоди аҳолӣ гардонида шуд.Такид карда шуд, ки фаъолияти Кумита доир ба самти бехатарии озуқаворӣ, ҳифзи солимии ҷомеа, ҳимояи манфиатҳои миллӣва ҳуқуқи истеъмолкунандагон равона гардида, бо ин мақсад дар давоми нимсолаи якуми соли 2021, дар самти назорати чорабиниҳои зидди эпизоотӣ, фитосанитарӣ, карантинӣва тухмии зироатҳои кишоварзӣва зотпарварӣ  ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

    Ёдовар мешавем, ки тибқи талаботи нишасти матбуотӣрӯзноманигорон ба Пресс-релиз ё худ Резаахбор дар бораи фаъолияти Кумита омода намуда шинос гардида, идомаи нишасти мазкур тариқи саволу ҷавоб сурат гирифт.Дар анҷоми нишасти матбуотӣ аз ҷониби раиси Кумита ёдоварӣ гардид, ки Мақомоти бехатарии озуқаворӣ барои огаҳӣ пайдо кардани ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати таъмини маҳсулоти бехатарии озуқаворӣ бо тамоми воситаҳои ахбори оммаи мамлакат, ҳамкориҳои пурсамари худро ба роҳ монда, дар оянда низ барои баланд бардоштани маданияти хариду фурӯш, ва истеъмолии шаҳрвандон,  инчунин бо мақсади иникоси дастовардҳои Кумита ва сазовор таҷлил намудани Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шабакаҳои телевизионию радиоӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ва дигар воситаҳои ахбори омма  ҳамкориҳояшро боз ҳам тавсеа бахшиданист.

Маркази матбуоти Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 


Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, функсияҳои махсуси иҷроиявӣ, назоратӣ, иҷозатдиҳӣ ва функсияҳои дигари дар соҳаҳои байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо, ҳимояи растаниҳо, тухмӣ ва зотпарварӣ муқарраргардидаро анҷом медиҳад.