Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Баргузории семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Таъмини бехатарии озуқаворӣ-кафолати солимии ҷомеа”

hamoish

        Санаи 27-уми июли соли равон бо ибтикори Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Маркази таъминот ва ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Данғара семинари ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ: дар мавзӯи “Таъмини  бехатарии озуқаворӣ-кафолати солимии ҷомеа” баргузор гардид.Дар семинари мазкур намояндагони вазорату идораҳо, олимону коршиносони соҳа, сардорони раёсатҳои Кумита, сардорони Марказҳои таъминотиии бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳо, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.Сараввал раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло бо сухани ифтитоҳии худ ҳозирин ва иштирокдорони семинарро хайра мақдам гуфта, ба кори семинар оғоз бахшиданд.  Зимни семинар иштирокчиён муҳимтарин масъалаҳои фаъолияти соҳаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, дар мавзӯҳои гуногун, аз ҷумла саҳми Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар таъмини сиёсати давлатӣ оид ба бехатарии озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи чораҳои фитосанитарӣ-гарави фаровонҳосилӣ, самтҳои афзалиятноки ноилшавӣ ба амнияти озуқаворӣ дар шароити муосир ва ғайра маърӯза намуданд.Бояд гуфт, ки мақсади асосии баргузории семинари илмӣ-амалӣ ба хотири  дар амал татбиқ намудани дастуру супориш ва таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт ва таъмини  бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти бехатару хушсифат мебошад.

                                                   

       Маркази матбуоти Кумитаи бехатарии озуқавории назди

        Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, функсияҳои махсуси иҷроиявӣ, назоратӣ, иҷозатдиҳӣ ва функсияҳои дигари дар соҳаҳои байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо, ҳимояи растаниҳо, тухмӣ ва зотпарварӣ муқарраргардидаро анҷом медиҳад.