Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Ҳамоиши ҷавонони Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар 30-соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо”

javonon

 

javonon1

 

 

 

 

 

 

Зери ҳамин унвон  29-уми июли соли равон бо ибтикори Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамоиш ва дастовардҳои  ҷавонони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ доир гардид.Ҳамоимши мазкур  ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло,  Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Маҳмадёрзода Усмон Маъмур, намояндагони васоити ахбори омма ва ҷавонони фаъоли Мақомоти бехатарии озуқаворӣ иштирок намуданд.Сараввал Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло бо сухани ифтитоҳии худ ҳозирин ва иштирокдорони ҳамоишро хайра мақдам гуфта, ба кори ҳамоиш оғоз бахшиданд.Зимни ҳамоиш Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ,  суханронӣ намуда, аз дастовардҳои ҷавонон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, саҳми ҷавононро дар рушди соҳаи бехатарии озуқаворӣ назаррас арзёбӣ намуданд. Дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби кормандони ҷавони Кумита дар мавзӯи “Нақши ҷавонони Кумита дар самти бехатарии озуқаворӣмаърӯза намуданд. Сипас намоиши филми мустанад  аз дастовардҳои Кумита тариқи монитор пешкаши ҳозирин гардонида шуд.Баъд аз суханронӣ ва хулосабардориҳо  муроҷиатномаи  ҷавонони соҳаи бехатарии озуқаворӣ ба ҷавонони Тоҷикистон ироа гардид.

Дар анҷоми ҳамоиш ба як қатор ҷавонони фаъоли  соҳаи мазкур аз ҷониби раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  раиси Кумитаи кор бо ҷавон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихорнома ва сипосномаҳо тақдим карда шуд.

Маркази матбуоти Кумитаи бехатарии озуқавории назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, функсияҳои махсуси иҷроиявӣ, назоратӣ, иҷозатдиҳӣ ва функсияҳои дигари дар соҳаҳои байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо, ҳимояи растаниҳо, тухмӣ ва зотпарварӣ муқарраргардидаро анҷом медиҳад.