Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.

raisFM

mukofot

 

iftikhornoma

Санаи 6 сентябри соли 2021, дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона бахшида ба таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи 9 сентябр дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад, ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки роҳбарият, муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони раёсат, шуъбаву бахшҳо намояндагони ВАО ва дигар кормандони мақомоти бехатарии озуқаворӣ  баргузор гардид.

         Нахуст, таҳти садо додани Суруди миллӣ чорабинии идонаро Раиси Кумитаи бехатариии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло оғоз бахшида, тамоми кормандонро бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воқеан ҷашни таърихист табрику шодбош намуданд. Изҳор дошт, ки ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин дастовард барои миллати тоҷик аст, ки пас аз ҳазорсолаҳо бо талошу заҳматҳои абармардони миллат ва ҳадяи таърих мо ба он ноил гардидем. Инак бо гузашти 30 соли соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ имӯз ҷомеаи ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба як кишвари рушдкарда, сулҳпарвар ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ мешиносад ва эътироф мекунад.

           Сипас муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода Зокирҷон Тоҳир бо суханҳои пурмуҳтавои худ, аҳли нишастро ба ин санаи мубораку хотирмон самимона шодбош намуда, дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори давлатдории миллии тоҷикон” маърӯза намуданд.

          Дар идомаи ҷаласа аз ҷониби кормандони мақомоти бехатарии озуқаворӣ дар васфи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Истиқлолият таранумгари ормонҳои миллӣ” шеърхонӣ” намуда, сипас филми мустанад вобаста ба таъсисёбии Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ҳамчун дастоварди даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд.       

          Инчунин дар раванди баргузории чорабинии идона аз ҷониби раиси Мақомоти бехатарии озуқаворӣ  Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло  ба сардори Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ва ШНТҶ Давлатшозода Бобошо Давлатшо медали шоистаи ифтихорӣ бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфароз гардиданд,  ҳадя намуд.

           Дар  фарҷом ба дигар кормандон, ки саҳми худро дар иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Таъмини амнияти озуқаворӣ” гузоштанд бо “Ифтихорнома”-и раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ қадрдонӣ гардида, бо садо додани “Суруди миллӣ”  чорабинии идона бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хотима бахшида шуд.

                                                     Маркази матбуоти Кумитаи бехатарии озуқавории

                                                      назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон

 

                        

                                                  


Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, функсияҳои махсуси иҷроиявӣ, назоратӣ, иҷозатдиҳӣ ва функсияҳои дигари дар соҳаҳои байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо, ҳимояи растаниҳо, тухмӣ ва зотпарварӣ муқарраргардидаро анҷом медиҳад.