Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Маркази таъминоти бехатарии озуқавори ноҳияи Темурмалик бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ гардид.

242595061 229055295928227 891431552673383070 n

temurmalik

           Санаи 22 сентябри соли  равон бинои нав ва хуштарҳу замонавии Маркази таъминоти бехатарии озуқавории ноҳияи Темурмалик аз ҷониби раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, роҳбарияти   Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонт ва дигар намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор доданд.

         Бинои Маркази таъминот ва ташхиси бехатарии озуқавории ноҳияи Темурмалик аз се ошёна иборат буда, дар идомаи тадбирҳои ободонию созандагӣ бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти беҳтар намудани шароити корӣ барои кормандон, сохта ба истифода дода шуд аст.

        Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъсиси китобхонаҳо дар назди муассисаю идораҳо дар бинои Маркази таъминот ва ташхиси бехатарии озуқавории ноҳияи Темурмалик китобхона ва толори маҷлисгузаронӣ бо тарҳи муосир ташкил карда шудаанд.

      Дар бинои замонавии Маркази таъминот ва ташхиси бехатарии озуқавории ноҳия, ҳамчунин утоқҳои барҳаво ва шароити хуби корӣ муҳаё  гардида, инчунин дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  барои қабули меҳмонон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ дар маркази номбурда Меҳмонхона барои 4 то ба 5 нафар сохта шудааст.

    Намояндагони Ҳукумати мамлакат пас аз шиносоии пурра бо шароити нав дар бинои Маркази таъминот ва ташхиси бехатарии озуқавории ноҳияи Темурмалик ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дода, ба кормандони соҳа ҷиҳати саҳм гузоштан дар таъмини яке аз ҳадафҳои стратегии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аманияти озуқаворӣ ва таъмини бехатарии он дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

   Ёдовар мешавем, ки роҳравҳои атрофи бинои мазкур дар доираи тадбирҳои созандагию ободонӣ бинои мазкур пурра сафолакпӯш гардида, бо гулу буттаҳои ороишӣ ва ниҳолҳои гуногун кабудизор карда шудааст.

         

Маркази матбуоти Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 


Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, функсияҳои махсуси иҷроиявӣ, назоратӣ, иҷозатдиҳӣ ва функсияҳои дигари дар соҳаҳои байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо, ҳимояи растаниҳо, тухмӣ ва зотпарварӣ муқарраргардидаро анҷом медиҳад.