Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Мақомоти бехатарии озуқаворӣ

111

Санаи 4 октябри соли 2021, дар Кумитаи бехатарии озуқавории  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, ки ба 5 октябр рост меояд, бо иштироки роҳбарият, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсат, шуъбаву бахшҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигар  кормандони мақомоти бехатарии озуқаворӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Нахуст, таҳти садо додани Суруди миллӣ кори ҳамоишро Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло оғоз бахшида, ҳозиринро ба Рӯзи забони давлатӣ табрику шодбош намуд.

 Аз рӯи гуфтаҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон роҳбарияти Кумита изҳор дошт, ки забони тоҷикӣ ин рукни давлатдории тоҷикон мебошад. Зеро забони тоҷикӣ аз қадимтарину тавонмандарин забонҳои ҷаҳон аст, забонест, ки бо он нобиғаҳое чун Рӯдакию Фирдавсӣ, Ибни Синою Хайём, Саъдию Ҳофиз, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Донишу Айнӣ, Ғафурову Турсунзода ва даҳҳои дигар суханварӣ карданду асарҳои безаволу оламгиро офариданд ва ба ин васила онро барои абадият зинда нигоҳ доштанд.

         Сипас вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳарбону бо суханҳои пурмуҳтавои худ, аҳли нишастро бо ин рӯзи хотирмон шодбош намуда,  баён намуданд, ки Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд”  ва ё ин, ки “Забон хишти аввалини кохи миллат аст. Зеро таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад.  Аз ин рӯҳар як фарди бо нангу номуси кишварро зарураст, ки забони миллии худро эҳтиром ва дар вазъияти кунунии зудтағирёбандаи ҷаҳони муосир барои ҳамешагӣ онро ҳифз намояд.

           Дар фарҷоми ҷаласаи тантанавӣ бошад бахшида ба гиромидошти забони тоҷикӣ дар пойяи забони давлатӣ тавасути манитор ролики телевизионӣ намоиш ба гузошта шуд, ки роҳбарият, меҳмонон ва кормандони Мақомоти бехатарии озуқаворӣ бо як эҳсоси баланд онро тамошо намуданд.

 

Маркази матбуоти Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 


Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, функсияҳои махсуси иҷроиявӣ, назоратӣ, иҷозатдиҳӣ ва функсияҳои дигари дар соҳаҳои байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо, ҳимояи растаниҳо, тухмӣ ва зотпарварӣ муқарраргардидаро анҷом медиҳад.