Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ

          

 Имрӯз дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии   Тоҷикистон бахшида ба  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва   29-умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI  Олии Ҷумҳурии           Тоҷикистон, ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.

Чорабинии мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии давлатдорӣ, пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ роҳандозӣ гаардида, дар он роҳбарият, директори Маркази омӯзишии “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони раис, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳову бахшҳо ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

  Нахуст иштирокчиёну меҳмонон аз асарҳои пурғановати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китобҳои марбут ба таърихи миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон ва фаъолияти босамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 30 соли Истиқлолият ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуданд

.ruziprezident

    Чорабинии тантанавӣ бо Суруди миллӣ, ки аз ҷониби иштирокчиён қироат карда шуд, оғоз гардид. Сипас раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло бо суханони табрикотии худ ҳозиринро ба рӯзи Президент шодбош гуфта, оид ба саҳми мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, арзишҳои миллӣ, ҳифзу ҳофизаи таърихӣ, рушди босубботи ҷомеа, мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди таъмини амнияти озуқаворӣ ироа карданд. Ҳамчунин қайд намуданд, ки Рӯзи Президент санаи навест, дар тақвими ҷашну маросимҳои расмии Тоҷикистон ва соли панҷум аст, ки он дар кишвари азизамон таҷлил мегардад. Ин рӯзро бо итминон рӯзи сидқу вафо ба миллату давлат номидан мумкин аст.

         Зимни чорабинӣ директори Маркази омӯзишии “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои педагогӣ, Сайдаҳмадзода Дилором суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Мактаби давлатдорие, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфт, анъанаҳои неки гузаштагон, амалияи имрӯзи давлатдорӣ ва идоракуниро дар шароити муосир ба ҳам овардааст.

        Дар фарҷоми суханронии худ китобҳои тозанашри “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” ҷилди 1, 2 ва 3-ро, ки аз ҷониби Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расидааст, ба китобхонаи Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ҳадя намуд.

         Ҳамчунин тибқи барнома, аз ҷониби кормандони ҷавони Кумита  шеъру суханҳо, ки тарранумгари васфи Пешвои миллат буданд, қироат карда шуд.

         Чорабинии тантанавӣ бо дидан намудани филми мустанад, ки  дар он  Шоҳкориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба миллату давлат тариқи монитор гузошта шуда буд, ба анҷом расид.

                           Маркази матбуоти Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, функсияҳои махсуси иҷроиявӣ, назоратӣ, иҷозатдиҳӣ ва функсияҳои дигари дар соҳаҳои байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо, ҳимояи растаниҳо, тухмӣ ва зотпарварӣ муқарраргардидаро анҷом медиҳад.