Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Қадрдонӣ барои фаъолиятҳои пурсамар

kadrdoni

11

Санаи 3 июни соли 2021 дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, сардорони раёсату шуъба, бахшҳои Кумита ва намояндаи Ҷамъияти ҷанговарони собиқадори интернатсионалисти шаҳри Турсунзода ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.Сараввал раиси Кумита Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло аз фаъолияту дастовардҳои кормандони Мақомоти бехатарии озуқавориро неку назаррас арзёбӣ намуда, изҳори қаноатмандӣ намуд.Роҳбарияти Кумита барои хизматҳои шоён, инчунин дарки масъулияти баланди хизмати давлатӣ, фаъолияти пурсамар ва софдилона, саҳми муносибу арзанда гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун ҳадафи стратегии ҳукумати мамлакат як чанд нафар кормандонро бахшида ба ҷашнии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»  қадрдонӣ карда шуданд. Дар ин ҷаласаи тантанавӣ дар баробари қадрнамоии кормандони Мақомоти бехатарии озуқаворӣ сардори Маркази таъминоти бехатарии озуқавории шаҳри Турсунзода  Раҳимзода Шарифбек барои хизматҳои шоён, инчунин дарки масъулияти баланди хизмати давлатӣ, фаъолияти пурсамар ва софдилона, саҳми муносибу арзанда гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун ҳадафи стратегии ҳукумати мамлакат бо медали ҷашнии 30-солагии Истиқлолият ва «Ифтихорнома»-и раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури сардорони раёсат, шуъбаву, бахшҳо ва раиси Ҷамъияти ҷанговарони собиқадори интернатсионалисти шаҳри Турсунзода сарфароз гардонида шуд.Ҳамчунин роҳбарияти Кумита сармутахассиси Раёсати фитосанитарӣ, карантинӣ, растанӣ ва тухмӣ Шоҳзода Сайдаҳмади Холро барои рӯзи валодати зебои умрашон табрику шодбош намуда, ҳамчунин барои расидан ба синни ниҳойии нафақа онро  бо “Ифтихорнома” ва  дастагул қадрдонӣ намуданд.

Маркази матбуоти  Кумитаи бехатарии озуқавории

  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон