Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ ОИДИ ДАСТУРАМАЛИ РӮИМИЗИ ҚАРОР ДОДАНИ ПАЁМИ ИРОАГАРДИДАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ МАМЛАКАТ ДАР РАЁСАТИ КУМИТАИ БЕХТАРИИ ОЗУҚАВОРӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД.

majlis1

Санаи 12-уми феврали соли 2021, дар доираи сафари кории роҳбарияти Кумита ба шаҳру ноҳия ва ноҳияҳои вилояти Суғд дар  баробари дигар вазорату идораҳои давлатӣ дар Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд низ оид ба натиҷагирӣ ва дастурамали кори қарор додани Паёми ироанамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 26.01.2021 дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат доир гардида буд,ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

         Дар  ҳамоиши мазкур роҳбарият дар ҳайати муовини раиси Қаландарзода Ҳ.Қ, мудири бахши иттилоот ва робита бо ҷомеа, сардори Раёсат ва дигар зерсохторони Кумита иштирок намуданд.

         Сараввал муовини Раиси Кумита муҳтарам Қаландарзода Ҳ.Қ,  бо сухани ифтитоҳии худ,  кори ҳамоишро  ҳусни оғоз бахшида, иброздоштанд, ки суханронии пурмуҳтавои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ҳангоми Паёми солонаи худ ба Маҷлиси олии кишвар баён намуда буданд, бояд тамоми хизматчиёни давлатии вазорату идораҳо,  махсусан кормандони Мақомоти бехатарии озуқаворӣ, ки дар шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ҷумҳурӣ, махсусан вилояти Суғд фаъолият менкунанд,  сармашқи кори доими худ қарор дода, дастурамали рӯи мизии худ қарор диҳанд. 

         Дар идомаи ҷаласа,  Мудири  бахши  иттилоот ва робита  бо ҷомеаи Кумита Забирзода Олимҷон маърӯза  намуда,  татбиқ гардии ҳадафҳои минбаъдаи кишварро, ки дар Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус шарҳдода, баён намуданд, ки бо амалишавии ин тарҳҳои бузург дар кишвар,  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳадафҳои рушди устувори худ ноил мегардад. 

        Ҳамчунин дар анҷоми ҳамоиш ду масалаи кории дигар аз ҷумла  иҷроиш ва татбиқи нақшаи  Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ ва нақшаи Шурои санҷиши субектҳои хоҷагидор мавриди муҳокима қарор дода шуд.

         Рафти чорабинии мазкурро намояндагони воситаҳои ахбори омма сабт намуда, тавассути шабакаҳои  телевизионӣ пешниҳоди аҳолии кишвар гардониданд.

                          Маркази матбуоти Кумитаи бехатарии

        озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон.