Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Баргузории Муколамаи навбатии сатҳи миллӣ (техникӣ) доир ба низоми озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

muovin

           Санаи 7 уми июли соли равон дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муколамаи сатҳи миллӣ (техникӣ) доир ба низоми озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи намояндагони вазорату идораҳо, олимону коршиносони соҳа, секторҳои хусусӣ ва дигар намояндагони воситаҳои ахбори омма дар доираи риояи қоидаҳои беҳдоштӣ доир гардид.

          Нахуст муовини якуми раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун Ҳамоҳангсози миллии Саммити низоми озуқаворӣ Ширинҷонзода М.Ш,  зимни суханронии худ,  тамоми иштирокдорони муколамаи мазкурро хайрамақдам гуфта,  аз раванди дигар Муколамақои сатҳи миллӣ ва минтақавӣ, ки  дар шаҳри Душанбе ва дигар вилоятҳои ҷумҳурӣ оид ба таҳия ва сохтани “Нақшаи амали низоми озуқаворӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон”,  ки бо супориши Сарвазири мамлакат аз 25 ноябри соли 2020, №116138 (29-6.2)  доир ба муқаррароти номаи муовини якуми Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардидаро баҳои баланд дода, иқдом мазкурро ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор муҳим арзёбӣ намуд.

        Дар раванди Муколамаи сатҳи миллӣ (техникӣ)  мушовир ва муовинони Ҳамоҳангсози миллии Саммити мазкур вобаста ба, самтҳои асосии “Барномаи рушди низоми озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  маърӯза намуда, пешниҳодҳои аъзоёни гурӯҳои байдиидоравии вазорату идораҳо, секторҳои хусусӣ ва олимону таҳлилгарони соҳаро барои ба таври комил таҳия  намудани нақшаи амал муҳим арзёбӣ намуданд.

        Дар фарҷоми Муколамаи навбатии сатҳи миллӣ (техникӣ) аз ҷониби Ҳамоҳангсози миллии  Саммити низоми озуқаворӣ такид карда шуд, ки санаи 26-28 июли соли 2021 баргузории пресс-саммит  бо иштироки намояндагони СММ,  олимону коршиносони байналмилалӣ ба таври онлайн дар назар дошта шудааст, аз ин рӯ аз аъзоёни гурӯҳи байни идоравии вазорату идораҳои давлатӣ,  талаб карда мешавад, ки  дар ҷаласаи мазкур тариқи маҷозӣ (онлайн) фаъолона иштирок намоянд.

Маркази матбуоти Кумитаи бехатарии озуқавории назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон