Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Баргузории озмуни кушод барои ишғоли мансабҳои холии Мақомоти бехатарии озуқаворӣ

received 1528489637487594

Санаи 3-юми августи соли равон дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи эълони додашуда, ки қаблан он дар нашрияҳои расмӣ эълон гардида буд, озмун барои ишғоли мансабҳои холии хизматчии давлатӣ гузаронида шуд.

          Комиссияи озмунии Мақомоти бехатарии озуқаворӣ тибқи тартиби муайянгардида, бо иштироки намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунро баргузор намуданд.Бояд гуфт, ки аз 13 ҷойи кори холӣаз рӯи вазифаҳои пешниҳодшуда, 16 нафар довталабон барои ишғоли мансабҳои холӣ фаъолона иштирок намуданд.Дар фарҷоми озмун бо қарори Комиссияи озмун довталабони арзандаю  соҳибтаҷриба барои таъин гардидан ба мансабҳо тавсия дода шуданд. 

Маркази матбуоти Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.