Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Баргузории семинар-машварат дар самти тартиби баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, коргузории кадрӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ дар мақомоти ҳудудии бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

1

        Санаи 5 августи соли равон бо ибтикори Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо ҷалби беш аз 60 нафар кормандони Раёсати Кумита дар вилояти Суғд, марказҳои таъминот ва ташхиси бехатарии озуқаворӣ, нуқтаҳои назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд семинар-машварат дар самти тартиби баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ва коргузорӣ бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма доир гардид.Сараввал сардори Раёсати Кумита дар вилояти Суғд Ализода Аъзам Наврӯз бо сухани ифтитоҳӣ ҳозирин ва иштирокдорони семинарро хайрамақдам гуфта, ба кори семинар оғоз бахшиданд. Сипас сардори Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрҳои Кумита Раҳмонализода Баҳодур дар баромади худ қайд намуданд, ки семинар машварати мазкур бо мақсади баланд бардоштани савия дониши кормандони мақомоти ҳудудӣ ҷиҳати тибқи талаботи муқарраргардида, тартиб додани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, коргузории кадрӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, инчунин дигар масъалаҳои ҳуқуқии марбут ба самти фаъолияти мақомот баргузор гардида истодааст.Пеш аз оғози семинар ба иштирокдорон оид ба тартиби баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, масъалаҳои ҳуқуқӣ, кадрӣ, коргузорӣ ва дигар масъалаҳои дахлдор маводҳои намунавӣ дар шакли электронӣ дастрас карда шуд.Зимни семинар-машварат аз ҷониби баромадкунандагон оид ба бартараф намудани камбудиҳо дар фаъолияти корӣ, омӯзиш ва маслиҳатҳои судманд дода шуда, мавзӯҳо тариқи монитор (слайд) манзури иштирокдорони семинар гардонида шуда, аз ҷониби иштирокдорон ба баромадкунандагон саволҳо оид ба масъалаҳои матраҳгардида пешниҳод гардид, ки баромадкунандагон ба онҳо ҷавобҳои мушаххас гардониданд. Дар фарҷом ҳозирин аз баргузории семинари мазкур ибрози қанотмандӣ намуда, пешниҳод намуданд, ки бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши мутахассисон чунин семинарҳо бештар гузаронида шавад

 

                     Маркази матбуоти Кумитаи бехатарии озуқавории

                         назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон