Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Бо талошҳои дастаҷамъонаи байналмилалӣ метавон бар зидди бемориҳоии сироятии ҳайвонот, махсусан пешгирии бемории Хорӣ мубориза бурд.

 

karova

Ҳамасола дар тамоми ҷаҳон рузи 28 сентябр ҳамчун Рузи ҷаҳонии мубориза барзидди бемории ҳорӣ қайд карда мешавад.Созмони умумиҷаҳонии солимии ҳайвонот ҳамасола бо назардошти ин рӯз чорабиниҳоро оид ба чораҳои пешгирӣ ва мубориза барзидди бемории ба нақша гирифта мегузаронад. Яке аз чорабинии асосӣ дар ин раванд гузаронидани корҳо ҷиҳати огаҳсозӣ ва шинос намудани аҳолӣ бо чораҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ҳорӣ мебошад.

Ҳар сол дар дунё зиёда аз 55000 одамон аз ин беморӣ мефавтанд. Бемории ҳорӣ дар Тоҷикистон солҳои аввали  асри 20 ба қайд гирифта шуда  то имрӯз дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳам дар байни ҳайвонот ва ҳам дар байни аҳолӣ ба қайд гирифта мешавад. Агар дар солҳои 90-уми асри 20 дар ҷумҳурӣ зиёда аз 20 ҳодисаи сироятёбии одамон ба қайд гирифта шуда бошад ҳоло ҳамасола  бемории ҳорӣ тамоюли пастшавӣ аз 8-12 ҳолати сироятро ташкил медиҳад. Ҳамасола дар ҷумҳурӣ то 15000 нафар шаҳрвандон аз газидани ҳайвоноти дайду осеб мебинанд, ки дар 100 -160 ҳолат аз ин ҳайвонҳо тариқи лабораторӣ вируси ҳорӣ  дарёфт карда мешавад.

Ҳорӣ касалии шадиди сирояткунанда ки дар натиҷаи осеби системаи марказии асаб ба вуҷуд меояд барангезандаи он вируси rabies. Дар ҳама мамлакатҳо  ба қайдгирифта мешавад. Барангезандааш вируси аз оилаи рабдовирусҳо rabies буда дар таркибаш кислотаи рибонуклеини дорад аз таъсири ҳарорати баланд ва модаҳои безараргардони маҳв мешавад ба хунуки тобовар аст. Вирус аз ҷои осебрасида газидашуда  асосан ба воситаи торҳои асаб бо суръати 7 см дар 1 шабонарӯз ҳаракат карда ба системаи марказии асаб расида  инкишоф ёфта баъд  дар мағзи сар ва ҳароммағз ҷойгир мешавад. Ба бемории ҳорӣ ҳамаи ҳайвоноти хунгарм, паррандагон ва одамон сироятпазир мебошанд, бемори  асосан ба марг анҷом меёбад.Дар мамлакати мо ва собиқ ИДМ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои нақшавӣ зиддиэпизоотӣ муддатҳои дароз нисбат ба ҳорӣ дар манотиқи гуногун мусоидии нисбӣ вуҷуд дошт. Аммо аз ибтидои солҳои 90-уми асри XX сар карда афзоиши устувори беморӣ ба қайд гирифта шуд. Сироят ба бемории хуб назоратнашаванда табдил ёфт. Шумораи манбаъҳои эпизоотӣ дар солҳои алоҳида аз 1000 зиёд гашт. Ба минтақаҳои нисбатан номусоид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноҳия мансуб дониста шуданд.Дар даҳ соли охир ҳодисаҳои беморӣ аз 90 то 150 ҳодиса бақайд гирифта шудаанд. Соли 2016 – 97 ҳодиса,  дар соли 2017 – 75, 2018 – 65, 2019 -51 ва дар 8 моҳи соли 2020  29 ҳодисаи беморӣ мушоҳида шудааст.Махсусан ба таври маълум гирифторшавии сагу гурбҳо зиёд гардид. Сабаби асосии дар байниҳайвони калони шохдор (камтар дар дигар ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ), сагҳо. гурбаҳо, ҳайвоноти мӯинадори хоҷагиҳо ва алоқаи онҳо бо ҳайвоноти ваҳшӣ (захирагоҳи вируси ҳорӣ, рӯбоҳҳо, гургҳо, калламушҳои хокистарранг ва ғайраҳо ба ҳисоб мераванд) мебошанд.Тамоюли зиёдшавии шумораи ҳодисаҳои бемориро дар байни ҳайвоноти ваҳшӣӯбоҳҳо) ва гурбаҳо ба қайд мегиранд, хавфи алангаҳои ҳорӣ дар шаҳрҳои калон ва маъмурӣ дар байни сагҳои бесоҳиб ва дайду афзоиш ёфт.Беш аз пеш одамон бо сабаби газидани ҳайвонот маҷбур шуданд,ки барои ба даст овардани ваксинаи зидди ҳорӣ муроҷиат намоянд, ҳолатҳои ҷудогонаи беморшавии одамон ба қайд гирифта шудаанд.Пешгӯии ҷорӣ оид ба ҳорӣ номусоид мебошад. Хавфи пайдоиши беморӣ дар тамоми минтақаҳои мамлакат дар он ҷое, ки ҳайвонҳои бесоҳиби дайду мавҷуданд ва ваксинатсияи сагу гурбаҳо гузаронида намешавад,бузург аст. Мутахассисон бо истифодаи усулҳои оралӣ (доми фиреб бо ваксина) эмгузаронӣ намудани фаунаи ваҳшӣ, инчунин истифодаи усулҳои муосири ташхиси бемориро,махсусан дар заминаи ваксинатсияҳои гузаронидашуда,зарур мешуморанд. Ба ғайр аз ин,баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии соҳибони ҳайвонот ниҳоят кори муҳим мебошад.Мутахассисон тавсия додаанд, ки ҷои газидан бо оҳани тафсон сузонида шавад, гуруҳи дигар тавсия медиҳанд, ҷои газидашуда бурида партофта шавад, аз ҳама усули маъмул он вақт сузонидани ҷои газидашуда буд.Айни замон усулии эмкунии фаврӣ 5 маротиба рузҳои 1, 3, 7, 14, 28, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ тавсия додаст, ки эмкунии шашум рузи 90-ум гузаронида шавад.Бемори асосан дар фасли тирамоҳ, зимистон ва баҳор авҷ мегирад. Гирифторшавии ҳайвонот ба бемори тамоми сол мушоҳида мешавад.  Бақайдгирии бемори бисёртар дар нимаи авалли сол мушоҳида мешавад.Сабабхои пахншавии бемории Хори дар байни хайвонот риоя накардани коидахои санитари – байтори  аз чониби шахрвандон, зиёд гаштани шумораи сагхои дайду, сари вакт пешгири ва несту нобуд накардани онхо аз чониби ташкилотхои дахлдор, сари вакт ва бо пурраги бакайдгири ва эмгузарони накардани хайвоноти хонаги махсусан сагу гурбахо ва чудо накардани маблагхои лозима аз чониби хукуматхои махалли мебошад.

                                         Сабабҳои асосии пайдоиши беморӣ

1.Мавҷудияти сарчашмаи касал

2.Шароити мусоид барои афзоиши барангезандагони касали

3.Паст будани сатҳи маърифати санитарии аҳолӣ.

Ҷараёни касал: Асосан Ду шакли гузариши бемори мушоҳида мешавад:  ҷаҳлӣ ва фалаҷӣ (ором)     

                                                Нишонаҳои Ҷаҳлӣ:

 Бетоқатшавӣ

Сустшавӣ ва қатшавии кавшакунӣ ва фурубарии хӯрок

Камшави ва катъ гардидани ҷудошавии шир дар пистон

Хайвон сару гардани худро боло карда дод мезанад

Бо дасту пояш заминро меканад

Ба одамон ва дигар ҳайвон ҳамла мекунад

Чашмонашро васеъ мекушояд ва гавҳараки чашм васеъ мешавад

Пардаҳои луобии чашм васеъ мешаванд

Аз об ва рушнои метарсад ва канораҷуи мекунад

Ҷудошавии оби даҳон, арақи бадан ва ларзиши мушакҳо

Фалаҷи ҷог, забон, гулу, мушакҳои пойи қафо ва дастон.

Аз ҳисоби фалаҷ шудани маркази нафаскаши дар рузи 3-6-ум мемирад.

Нишонаҳои гузариши фалаҷӣ(ором)

Ақиб мондан аз пода

Катъ гардидани кавшакунӣ

Тақиси кашидан дар кавшакуни ва дар фуру бурдани обух урок

Ҷудошавии оби даҳон

Додзании кам

Фалаҷи дасту по ва талафёби

Руҳафтодагӣ

Сустшавии ҳаракат ва ҳаракати бемадорона ба тарафи росту чап

Беҳаракатии пешмеъдаҳо ва ҷамъшавии ҳаво дар рудаҳо

нафаскаши тез – ва канда канда, ҳайвон сарашро ба қафо ба пушт мепартофта  дар як хел мавридҳо сарашро ба қафаси сина гузошта талаф меёбад.

Тағйиротҳои патологоанатомӣ:

Асосан бадани ҳайвони аз ҳори талафёфта хароб шуда дар ҷасад нишонаҳои хоридаги ва газидагиро . Муи қисми сар ва гардан олудаи оби даҳон аст.

Баъди кушодани ҷасад мушоҳида мешавад, ки хуни ҳайвони аз ҳори талафёта лаъл намебандад вав рангаш сурхи баланди сиёҳчатоб мешавад. Дар пардаҳои луобии даҳон захмҳо мушоҳида мешаванд. Дар узвҳои даруни хун бисёр ҷамъ мешавад. Пардаҳои луобии меъда ва рудаҳо аз ҳисоби илтиҳоби зиёд сурх мешаванд. Аз даруни меъда дар қатори хурокиҳо ашёҳои ҳархела ёфт мешавад.

Диагноз ташхис ва ташхиси фарқкунанда:

Асосан дар асоси маълумотҳои эпизоотӣ ва клиники ва санҷиши озмоищгоҳҳо натиҷаҳои санҷиши вирусологи гузошта мешаванд.

Дар озмоишҳо 4 намуди ташхисро маъмулан истифода мебурданд:

1.  Микроскопия

2.Заҳролуд намудани ҳайвоноти лаборатории

3.Реаксияҳои серологӣ: а) Иммуннофлюорестсенсия, б) нейтрализатсия дар ҳайвонҳои лабораторӣ, в) РСК ва РП дар агаровый гель

 Аз бемории Ауески, шакли асабиии тоуни саг, энселафаломиелити сироятии асп, заҳролудшавӣ ва дигар фарқ намудан даркор аст.диференсиатсия тафриқа кардан даркор аст. Маводи амрозӣ асосан каллаи ҳайвони талафёфта ё кушташудароро бо риояи дастурамали мубориза барзидди касалии ҳорӣ гирифта ба ташхисгоҳ равон мекунанд.

Сироятнопазири(имунитет):  ва воситаҳои махсуси пешгири барои пешгирии сунъи ваксинаҳо барои эмгузарони. Ҳамасола аз ҳисоби мабағҳои чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ 130-180 ҳазор воя ваксинаи антирабикии ТС 80 харидорӣ карда шуда ба шаҳру ноҳияҳо таъмин карда мешаванд.

Табобат: надорад 

Пешгирӣ ва мубориза

Дар мубориза бо Ҳорӣ 4 ташкилот бояд ҳамкории зич дошта бошад

А) мақомоти корҳои дохила бурдани назорат оиди риояи талаботҳо ва қоидаҳои зооветеринари дар парваришу нигоҳубини сагу гурбаҳо

Б) хоҷагии коммуналӣ дар чорабиниҳо оиди маҳв ва доштани сагу гурбаҳои дайду

В) идораҳои байторӣ оиди бақайдгири ва таъмини чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ

Г) Марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар таъмини чорабиниҳои пешгирию табобатии шаҳрвандони аз ҳайвонот осебдида

Самтҳои асосии мубориза бо  бемории ҳорӣ

1.     Бақайдгири ва харитасозии н/н ҷорикунии ва назорати доимии эпизоотологии иннуқтаҳо

2.     Гузаронидани ноҳиякунонии эпизоотӣ барои таъмини мақсаднокӣ чорабиниҳо

3.     Бо мақсади шикастани занҷири эпизоотӣ дар манбаъҳо таъмин намудани эмкунии сагу гурбаҳо

4.     Якҷоя гузаронидани чорабиниҳои эмкуни ва зидди бемориҳои ангалӣ(сабаб)

5.     Дар манбаҳо мунтазам гузаронидани корҳо оид ба доштан ва маҳв намудани сагу гурбаҳои дайду ва маҳдуд намудани паҳншавии ҳайвоноти ваҳшии гуштхур ва ба танзим даровардани афзоиши шумораи ҳайвонот

6.     Кам намудани шумораи партовгоҳҳо ва таъмини ҳатмии чорабиниҳои безараргардонии онҳо

7.     Истифодаи маҷмуъи намудҳои гуногуни  ташхис

8.     Фаъол намудани корҳои оммафаҳмонӣ

Дар ҷаласаи ҳамасолаи якҷояи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ ва Созмони умумсиҷаҳонии солимии ҳайвонот дар қарори қабулнамуда барои то соли 2030 нагузоштани ҳолатҳои пайдоиши беморӣ тавассути ҳайвонот ба мувофиқа расида шудааст.

Ҳангоми  осеб расонидани ҳайвонот ба инсон чи бояд кард?

Пеш аз ҳама вақте, ки одам аз ҳайвоноти хонагию ваҳши  ё хояндаҳо осеб бинад

1.саравал бояд чои осебро бо оби ҷушидаистода ва собун нағз шустан лозим аст ё к ибо оҳани тафсон, кислотаҳо сузондан даркор аст. Маҳлулҳои маргансовка, хлорамин, перекис ва спиртро низ истифода бурдан мумкин аст.

2. Ба мутахассиси байторӣ ва тиб муроҷиат кунад

3.Ҳайвоноте, ки  осеб расонидааст аз мадди назар дурр намонад.

4. Мутахассиси байторӣ  ҳайвоне, ки ба инсон осеб расонидааст алоҳида ҷудо намуда зери назорати 10 руза бо мақсади омухтани пайдоиши аломатҳои зоҳирии гумонбар ба бемории ҳори қарор диҳад.

5. Мутахассиси байторӣ  ҳамаи чорабиниҳоро тибқи дастурамал таъмин намояд.

6. Мутахассиси идораи санитарию эпидемиологӣ одаме, ки аз ҳайвонот ё хояндаҳо осеб дидааст ба гирифтани ёрии тибби алалхусус барои гирифтани эмдоруи антирабики сафарбар намояд.

7.Дар нуқтае, ки бемории ҳорӣ бақайдгирифта шудааст, мутахассиси байторӣ ҳайвонотро ба эмкунии зидди ҳори маҷбуран фаро гирад.   

Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахри муътадил нигох доштани вазъи эпизоотию эпидемиологии ҷумхурӣ нисбати бемории ҳорӣ бо истифода аз тамоми захтираю имкониятҳо тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Маркази матбуоти Кумитаи бехтарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.