Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Бо ташаббуси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд семинар машварати ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Тадбирҳои беҳтар намудани рушди парандпарварӣ дар кишвар» баргузор гардид.

khujand

Дар натиҷаи иҷрои барномаҳои давлатӣ ва имтиёзҳои Ҳукумати Чуҳурии Тоҷикистон  нисбати соҳибкорон  ба мушоҳида мерасад, ки  давоми  солҳои охир бахшҳои соҳаи чорводорӣ, махсусан парандапарварӣ дар кишвар рушд ёфта,  нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ  дар ин самт ба назар мерасанд.

        Тавре дар Паёми Пешвои миллат,  Президенти Чумҳурии Тоҷикистон  мухтарам Эмомали Раҳмон  ёдоварӣ карда шуд  дар соли  2020  истеҳсоли гӯшти парранда  нисбат ба соли 2017 чоруним  баробар афзуда аст ва истеҳсоли тухми парранда  бошад қариб як миллиард донаро  ташкил дода,  панҷуним  баробар зиёд шуда аст. Вориди гӯшт ба кишвар аз 10,7 ҳазор  тонна соли 2014 то 180 ҳазор тонна  дар соли 2020 коҳиш ёфта,  яъне қариб 60  баробар кам гардидааст, ки  ин самараи зиёд шудани корхонаҳои паррандапарварӣдар мамлакат мебошад.

        Зикр кардан ба мавридаст, ки дар натиҷаи додани имтиёзҳои давлатӣ ва ҳавасмандии  соҳибкорон дар баробари шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ҷумҳурӣ имрӯз корхонаҳои парандапарварӣ   дар вилояти Суғд афзоиш ёфта,  ба 94 адад расида , танҳо дар 2 соли охир  беш  аз  20 адад  корхонаҳои  паррандапарварии гӯшти парҳезӣ таъсис ёфтаанд.

        Дар семинар машварат, ки бо иқдоми  Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо иштироки  маъсулину мутахассисони Вазорати кишоварзӣ,  Академияи илмҳои  кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, коршиносон, мутахассисону соҳибкорони корхонаҳои  паррандапарварӣ ва корхонаҳои  коркарди гӯшти парранда  аз шаҳри Душанбе , вилояти  Суғду Хатлон ва НТҶ баргузор гардид, оид ба тадбирҳои  беҳтар кардани соҳаҳои паррандапарварӣ дар кишвар,  мубодилаи  андешаю таҷриба  сурат гирифт.Таъкид ёфт, ки  дар натиҷаи  амалӣ гардидани тадбирҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имтиёзҳои  давлатӣ соҳаи паррандапарварӣдар кишвар рушд меёбад, вале ҳанузҳам базе масалаҳое ҳастанд, ки ба рушди бештари соҳа монеа мешавад ва дар ояндаи наздик онҳо бояд ҳалли худро ёбанд.Инчунин  дар анҷоми семинар машварат маъсулини соҳа, коршиносону  мутахасисон  оид ба тарзу усулҳои  самарабахши  ташкили корхонаҳои парандапарварӣ, ба роҳ мондани   хизматрасонии зооинженери  бойторӣ,  пешгирӣ аз касалиҳо, аз ҷумла  касалиҳои  сироятии  парранда  ва баланд бардоштани сифати маҳсулоти парранда  табодули андеша ва таҷриба намуданд.

 

Маркази матбуоти Кумитаи бехтарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.