Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Кӯдакону наврасони кормандони мақомоти бехатарии озуқаворӣ ба истироҳату солимгардонии тобистона фаро гирифта шуданд.

lager1

lager2

Санаи 6-уми июли соли 2021 бо ибтикори  Иттифоқи касабаи  Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдакону  наврасони  кормандони  мақомоти бехатарии озуқаворӣ  баҳри истироҳату солимгардонӣ ба (лагер) истироҳатгоҳи тобистонаи “Обшорон”-и ноҳияи Варзоб  фиристода шуданд. Ёдовар мешавем, ки пеш аз маросими сафарбариву гусели кӯдакон раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода  бо онҳо мулоқот намудаиброз доштанд, ки ғамхорӣ нисбат ба қишрҳои ниёзманди аҳолӣ, бахусус кӯдакон ва наврасон аз авлавиятҳои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистонхосатан  Пешвои миллатмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, ба назар мерасад, ки баҳри таъмини  истироҳати бофароғати онҳо тадбирҳои муҳим андешида мешаванд. Маврид ба зикр аст, ки алҳол маъракаи сафарбарии кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳои тобистона  дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо маром идома дорад.

     Маркази матбуоти Кумитаи бехатарии озуқавории назди

                Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон