Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Кӯмак намудан ба ятимону ниёзмандон яке аз он ташаббусҳоест, ки аз сиёсати ғамхоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад.

kumak

          Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оиди кӯмак намудан ба ятимону бепарасторон шиори доимии худ қарор дода, дар арафаи идҳои миллию давлатӣ ба ин табақаи ниёзманд пайваста дасти ёрӣ дароз мекунад.Бо ин мақсад,  санаи 22 декабри соли 2020, дар асоси иқдоми навбатии  роҳбарияти Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар арафаи Соли-Нави мелодии 2021 ба ятмони кулли МД Маркази дастгирии оила ва кудак-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, кӯмаки моддии яквақтаина расонида шуд.Гуфта мешавад, ки ин кӯмакҳои хайрхоҳонае, ки (11 ҳазору 200 сомонӣ) аз ҷониби Мақомоти бехатарии озуқаворӣ ба ин муассиса  равон карда шуд, маҳсулоти ниёзи аввал,  азҷумла гӯшту равған, картошкаву пиёз, сабзиву биринҷ , меваю сабзавот ва дигар маҳлулҳои дастшӯйӣ ва либосшуйӣ барои ятимони ин даргоҳ мебошад, дарбар мегирад.Барои расонидани кӯмаки моддӣ ба ин қишри ниёзманд ва аз аҳволашон пайваста хабардор шудан, ки танҳо нагузоштани онҳо зери таваҷҷуҳи падаронаи Роҳбари давлат қарор дорад, роҳбарияти Кумита аз вазъи буду бош, рахти хоб, бозомӯзии онҳо дидан намуда, бевосита бо онҳо дар сӯҳбат шуда, тамоми ятимон ва кормандони ин муассисаи мазкурро барои Соли-Нави мелодии 2021табрику шодбош намуданд.Ҳамчунин, бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо дастгирӣ намудани табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ ба хусус ятимону бепарасторон, ин нишони амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқгардонии сиёсати иҷтимоии мамлакат мебошад, ки мо ба он ноил мегардем.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ

               НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН