Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Кӯмаки моддии яквақтаинаи Мақомоти бехатарии озуқаворӣ ба ниёзмандон, ятимон ва бепарасторони кишвар дар арафаи иди Қурбон

idikurbon

 

 

218405006 520444089263801 3239374269753480057 n

Хайру саховат ва меҳрубонӣ ба ятимону дармондагон, ки чашми умед сӯйи мову шумо дӯхтаанд, қарзи инсонии ҳар як нафари тандуруст, солимфирку сохибандеша ва тавоно аст. Дар арафаи  иди саиди Қурбон зери сиёсати ичтимоии ҳукумати мамлакат аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманди шаҳри Душанбе, вилояти Суғду Хатлон, ВМКб ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ аз рӯи имкон кӯмакҳои моддии яквақтаина расонида шуд. Кумаки аз маводи ғизо, аз қабили орду равған, картошкаву пиёз, макарону биринҷ, гӯшту тухм ва дигар маҳсулотҳои ниёзи аввалия иборат буд, ба ба ҷамъе аз ниёмандони расонида шуд.Ёдовар мешавем, ин иқдом ва ташаббус дар доираи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии оилаҳои ниёзманд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд,  роҳандозӣ гардид аст.

Маркази матбуоти Кумитаи бехатарии озуқавории  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон