Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

Дастгоҳи марказии Кумита

1. Сармутахассиси шуъбаи назорати зотпарварии Раёсати назорати байторӣ ва зотпарварӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 1311,00 сомонӣ.

2. Мутахассиси пешбари шуъбаи фитосанитарӣ ва карантинии Раёсати назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 1069,50 сомонӣ.

3.Сармутахассиси шуъбаи назорати тухмии Раёсати назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 1311,00 сомонӣ.

4. Мутахассиси пешбари шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрҳо 1 ҷой, маоши мансабӣ 1069,50 сомонӣ.

5. Мутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрҳо 1 ҷой, маоши мансабӣ 883,20 сомонӣ.

6. Мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 883,20 сомонӣ.

Раёсати Кумита дар вилояти Суғд

7. Сармутахассис-ҳуқуқшинос 1 ҷой, маоши мансабӣ 1248,90 сомонӣ.

8. Сармутахассиси бахши назорати байторӣ ва зотпарварӣ 1 ҷой, маоши манмабӣ 1248,90 сомонӣ.

9. Мутахассиси пешбари бахши назорати байторӣ ва зотпарварӣ 1 ҷой, маоши манмабӣ 1021,20 сомонӣ.

10. Мутахассиси пешбари бахши назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ -  1021,20 сомонӣ.

11. Мутахассиси бахши назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тахмӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 841,80 сомонӣ.

Шуъбаи Раёсати Кумита дар сарҳади давлатӣ

ва нақлиёт дар вилояти Хатлон

12. Мутахассис оид ба назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмии шуъбаи Раёсати Кумита дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт дар вилояти Хатлон 1 ҷой, маоши мансабӣ 841,80 сомонӣ.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Ба озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

ариза ба унвони роҳбари мақомот (шакли муқарраршуда);

варақаи шахсии баҳисобгирии кадрқо;

2 дона расми рангаи 4х6 ва 2 дона 3х4;

тарҷумаи ҳол;

нусхаи шиноснома;

нусхаи ҳуҷҷатҳо (диплом) дар бораи таҳсилот ва замимаи он;

нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ бошад);

маълумот дар бораи даромад аз вазъи молу мулк (эъломия);

нусхаи билети ҳарбӣ;

маълумотномаи ҷойи истиқомат ва ҳайати оила;

суғуртаи иҷтимоии нафақавӣ (СИН);

маълумотнома (справкаобъективка) хаттӣ ва электронӣ.

маълумотнома оид ба доштан ва ё надоштани доғи судӣ;

маълумотномаи тиббӣ (шакли 038у);

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ

Таҳсилоти олии байторӣ, агрономӣ, технологияи истеҳсоли маҳсулоти гуштӣ ва хурокворӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, иқтисодӣ ё ҳуқуқшиносии ба ишғоли мансаби холӣ мувофиқ, донистани муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бехатарии озуқаворӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», забони давлатӣ ва тавонистани кор бо технологияҳои иттилоотӣ.

Ба мансаби сармутахассис, мутахассиси пешбар ва мутахассис шахсоне, ки мутаносибан 3, 2 ва 1 сол собиқаи умумии корӣ ва ё 2 ва 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ доранд, инчунин дорои донишу малакаи идоракунӣ ва банақшагирии кор бо тобеон мебошанд, метавонанд довталабӣ намоянд.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

Ариза ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок намудан дар озмун дар давоми 21 рӯз аз лаҳзаи нашри эълон дар нашрияҳои расмӣ дар бинои Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Теҳрон 21 қабул карда мешаванд.

 

Телефон барои тамос: 2–23-16-51 Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрҳо