Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

РАФТИ ДУЮМИ ВАКСИНАТСИЯ ГУЗАРОНИИ КОРМАНДОНИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУКАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВИРУСИ НАВЪИ КОВИД-19 АЗ ҶОНИБИ НАМОЯНДАГОНИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТ

193348686 1369712966745036 7537937504554829443 n200679891 348561980030494 6480339062615896817 n196638887 3148077798753603 352963434315640631 n

131625583 832607750940692 8033780265919246119 n

         Солимии ҷомеа яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дарбар гирифта, тамоми кормандони вазорату идораҳои давлатӣ, махсусан хизматчиёни давлатӣ бо иқдоми хайрхонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳифзи саломатии онҳо ройгон аз ҷониби намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваксинатсия шуда истодаанд.

         Дар доираи ин ташаббус дар марҳилаи аввал санаи 19 апрели соли 2021 ва марҳилаи дуюм санаи 19 июни соли 2021, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Кумитаи бехатарии озуқавории назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ваксинатсия зидди бемории КОВИД-19 намуданд.

            Барои ҳифзи беҳдоштӣ сараввал роҳбарияти Кумита, сипас раёсату шуъбаҳо, бахшҳои дастгоҳи марказӣ, инчунин, кормандони Раёсати Кумита дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт, Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ва ШНТҶ, Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ, Маркази ҷумҳуриявии зидди эпизоотӣ, Дастаи фумигатсионии ҷумҳуриявӣ, МД маҷаллаи “Амнияти озуқаворӣ” ва КВД “Тоҷикзооветсервис” фаъолона иштирок намуда, аз ваксинатсияи зиддивирусӣ гузаштанд.

           Қайд намудан зарур аст, ки имрӯзҳо маъракаи ваксинагузаронӣ бар зидди ин беморӣ миёни аҳолии кишвар, махсусан кормандони ҳудудии Мақомоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома дорад.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.