Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

СУРАТГУЗОРИШ АЗ РАФТИ ДАСТАҶАМЪОНА БАРГУЗОР НАМУДАНИ ШАНБЕГӢ БО МАҚСАДИ САРСАБЗГАРДОНИИ ПОЙТАХТИ КИШВАРАМОН ШАҲРИ ДУШАНБЕ АЗ ҶОНИБИ КОРМАНДОНИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРӢ.

shanbegi

 

        Дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти Мақомоти бехатарии озуқаворӣ ва иқдоми Раиси шаҳри  Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бобати Душанберо ба шаҳри сабз табдил додан, санаи 20-уми феврали соли 2021, дар назди коргоҳи Кумита бо иштироки васеи кормандон шанбегии дастаҷамъона баргузор карда шуд.

 

        Дар ин ҳашари дастаҷамъона бевосита роҳбарият, сардорини раёсат, шуъбаву бахшҳо ва дигар кормандон фаъолона иштирок намуда, дохилу роҳравҳо ва гирду атрофи бинои Кумитаро аз партовҳо, алафҳои худрӯй, ва хушкшуда тоза намуда, бехи дарахтону ниҳолҳоро низ нарм намуда, гӯлҳои ороишии ҳамешасабз шинониданд, ки чунин иқдом ба симои пойтахти азизамон зебогии дигареро зам намуд.

 

       Гуфтан ба маврид аст, ки ташкил ва баргузор намудани чунин ҳашарҳои дастаҷамъона  (шанбегӣ) ин омили асосии тозагӣ маҳсуб ёфта, дар таъмини муҳити тозаи экологӣ, миёни аҳли ҷомеъа бо мақсади ободу зебо гардонидани як гушаи диёрамон ҳамовозии гарму ҷӯшонро ба вуҷуд оварда, чунин иқдомҳои нек дар сарсабз гардонии кишвари биҳиштосоямон Тоҷикистон мусоидат менамояд.

 

МАРКАЗИ МАТБУОТИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.