Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Таҷлили 24 умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

vahdat

Нимаи дуюми рӯзи 25 уми июни соли 2021, дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи 27-уми июн дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад, ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки роҳбарият, муовини Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони раёсат, шуъбаву бахшҳо намояндагони ВАО ва дигар кормандони мақомоти бехатарии озуқаворӣ дар доираи риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баргузор гардид. Нахуст, таҳти садо додани Суруди миллӣ кори ҳамоишро Раиси Кумитаи бехатариии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло оғоз бахшида, тамоми кормандонро бахшида ба таҷлили 24-умин солгарди Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош намуд. Изҳор  дошт, ки Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳволии халқамон ва таҳкурсии боътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад.  Сипас муовини якуми Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Каримзода бо суханҳои пурмуҳтавои худ, аҳли нишастро ба ин санаи мубораку хотирмон самимона шодбош намуда,  дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари миллат ва давлатдории навини тоҷикион» маърӯза намуданд. Ҳамчунин дар идомаи ҷаласа ёрдамчии раиси Кумита Нуруллозода Сайфулло   суханронӣкарда,  аз дастовардҳои беназири кишвар дар фазои ваҳдати миллӣ ҷиҳати наздик шудан ба ҳадафҳои рушди устувор махсус ёдоварӣ   намуд. Дар фарҷоми ҷаласаи тантавӣ бошад суруд  дар васфи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи монитор ба намоиш гузошта шуд, ки роҳбарият ва кормандони мақомоти бехатарии озуқаворӣ бо як эҳсоси баланд онро тамошо намуданд.       

Маркази матбуоти Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон