Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

nawruz22 

    Наврӯз, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати истиқлоли давлатӣ бо тамоми ғановату рангорангии он эҳё гардид, ҳоло ба ҷашни милливу давлати мо тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст

    Ба ин муносибат санаи 20 марти соли 2022 дар Маҷмааи  фароғатӣ-хизматрасонии “Шаршара”-и шаҳри Ҳисор бо ибтикори Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Кумита, кормандони дастгоҳи марказӣ ва шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб чорабинии идонаи Наврӯзӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Дар базми Наврӯзӣ кормандон бо ороиши дастархони идонаи «ҳафт син», «ҳафт шин» ва арҷгузориву эҳёи анъанаҳои миллӣ гӯшаҳои махсус, аз ҷумла  намоиш ва азбарнамоии либосҳои миллӣ, эҳёи суннатҳои наврӯзӣ ташкил намуданд, ки ҳайати меҳмонону кормандон аз он дидан намуданд.Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло ҳозиринро ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ шодбош гуфта, иброз доштанд, ки дар сиёсати фарҳангии Пешвои миллат Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, робитаи гузаштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебоипарастӣ, инсондӯстӣ, рамзи дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррамона аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ вобаста ба моҳияту мазмуни ин ҷашни бошукӯҳ таъкид намуданд: “Мантиқу фалсафа ва моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву нишот иборат буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили ҳастисозу муттаҳидкунанда хизмат кардааст. Зеро ин ҷашн ба қалби хурду бузург суруру шодӣ мебахшад, тамоми афроди ҷомеаро сарҷамъ месозад ва кулли мардумро ба дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар фаро мехонад”. Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб ёдовар шуданд, ки маҳз бо заҳмату талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки ҳанӯз аз замони қадимтарин то имрӯз миллати мо бо холисии ният ва ормони олӣ ҷашнеро падид овардаанд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, покию садоқат, зебоию нафосат ва бедорию заҳмат мебошад.Дар пайравӣ аз иқдомҳои наҷибу ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии табақаи ниёзманди  ҷомеа, роҳбарияти  Кумита  низ дар рафти чорабинии идона ин иқдоми некро роҳандозӣ намуда,  чанд тан аз кӯдаконро бо тӯҳфаҳои пулию молӣ сарфароз гардонид. Дар қисмати фарҳангӣ бошад баҳори нозанин ва бобои деҳқон вориди саҳни идона шуда, бобои деҳқон рамзан ба замин донаи умеду баракат кишт кард.  Бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор бошад  бо сурудҳои худ, ки таранумгари васфи Тоҷикистон ва баҳору Наврӯз буданд,  ба чорабинии идона шукӯҳу таҷаллои тоза зам намуд. Маврид ба зикр аст, ки дар Кумита ҷиҳати рушди фарҳанги миллӣ ва таҳкими маънавиёти ҷомеа, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва дастгириву рушди суннату анъанаҳои бостонии халқамон, аз ҷумла расму ойинҳои наврӯзӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда мешавад.

 

nawruz

        Бахши иттилоот ва робита бо ҷомеа