Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

5 солагии таъсисёбии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

312795750 497619009075500 4651767826371482736 n

Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мукаммал гардондани низоми идораи давлатии  назорати байторӣ, санитариву фитосанитарӣ, стандартизатсия ва сертификатсия бо таҷдид шудани 4 сохтори Вазорати кишоварзии мамлакат: Хадамоти назорати давлатии байторӣ, Хадамоти назорати давлатии   зотпарварӣ,  Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини рустанӣ ва Бозрасии давлатии тухмӣ тибқи қарори Ҳукумати мамлакат аз 29 декабри соли 2017 таъсис дода шуд.

            Бехатарии озуқаворӣ яке аз самтҳои калидии пиёда намудани    сиёсатидавлатӣ   

Кумитаи бехатарии озуқаворӣ аз давраи аввали тасъисёбӣ ҷиҳати таъмини бехатарии озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ фаъолиятро дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи байторӣ”, “Дар бораи карантин ва муҳофизати растанӣ”,  “Дар бораи зотпарварӣ”, “Дар бораи тухмипарварӣ”, “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”  ва талаботҳои созишномаҳои байналмилалӣ, стандарту талаботи Созмони умумиҷаҳонии солимии ҳайвонот, Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Конвенсияи байналмилалии карантин ва ҳифзи рустаниҳо, Кодекси Алмиментариус,  Кодекси санитарии ҳайвоноти рӯизаминии Созмони умумиҷаҳонии солимии ҳайвонот ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, ба роҳ мондааст. Тоҷикистон аз соли 1993 узви  Созмони умумиҷаҳонии солимии ҳайвонот буда, раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ намояндаи кишвар дар ин созмон мебошад.

         Инчунин, аз соли 2010 узви Конвенсияи байналмилалӣ оид ба карантин ва муҳофизати рустаниҳо мебошад.

   Яке аз самтҳои калидии фаъолияти кумита пиёда намудани сиёсати давлатӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ, иҷрои функсияҳои махсуси назоратӣ, иҷозатдиҳӣ ва функсияҳои дигар дар соҳаҳои байторӣ, фитосанитарӣ, карантини рустанӣ, муътадил нигоҳ доштани вазъи эпизоотӣ дар кишвар,  таъмини саривақтии чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ, назорати сифат ва бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ дар ҳама давраҳои истеҳсолот (парвариш, истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, интиқол, ба муомилот баровардан, фурӯш), санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ дар самти бехатарии озуқавориро татбиқ менамояд.

 

Дар ҳамаи 64 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе марказҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ фаъолият карда истодаанд, ки таъмини чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ дар байни ҳайвонот, назорати нуқтаҳои парвариш, коркард, истеҳсол, нигоҳдорӣ ва фурӯши маҳсулоти озуқавориро назорат менамоянд. Гарчанде тамоми санадҳои меъёрию ҳуқуқии  самти мақомоти бехатарии озуқаворӣ бозбинӣ шуда бошанд ҳам, чораҷӯиро дар ин самт тақвият дода, барои мутобиқ гардондани онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ фаъолиятро ҷоннок намудан зарур аст. Аз ҷумла, минбаъд беҳтар намудани фаъолияти мақомоти бехатарии озуқаворӣ дар самти санҷиш, муоина, фурӯш ва барои истифода иҷозат додани маҳсулоти гӯштӣ, шир ва маҳсулоти ширӣ, тухм, асал, равғани рустанӣ, маҳсулоти намакин, мева, полизӣ ба манфиати рушди соҳа хоҳад буд. 

kulobbino

Бо мақсади фароҳам овардани  шароити корӣ барои кормандони соҳа дар шаҳру ноҳияҳо дар ин давра сохтмону азнавсозии бинои марказҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ ва ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар шаҳр ва минтақаи Кулоби вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Темурмалик, Данғара, Рашт, Роштқалъа, Зафаробод, азнавсозии биноҳои марказҳои ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент ва Деваштичи вилояти Суғд ба итмом расонида шуда, корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои сохтмони Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон, бинои марказҳои таъминот ва ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияҳои Кушониёни вилояти Хатлон, Конибодоми вилояти Суғд ва Мурғоби ВМКБ идома дошта, дар моҳҳои наздик  ба истифода дода мешаванд.

Ёдрас бояд шуд, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, № 487 бо мақсади гузарондани чорабиниҳои зиддиэпизоотикӣ, ҷуброни зарар дар натиҷаи мусодира ва нобуд кардани ҳайвонот ва маҳсулоти онҳо, ки барои солимии ҳайвонот ва инсон хатарнок мебошанд, Фонди чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ таъсис дода шудааст. Ба фонди мазкур аз соли 2014 инҷониб аз тарафи буҷети давлат ҳамасола аз  2,5 то 3 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад, ки ин тахминан 13-14 дарсади эҳтиёҷоти умумии ҷумҳуриро барои харидории ваксинаҳои зарурӣ ташкил медиҳад. Амалигардонии масъалаҳои марбут ба пешгирии ҳолатҳои ҳодисаҳои номатлуби бемориҳои сироятӣ, ки хавфи эҳтимолияти пайдоиши онҳо ҳамарӯза эҳсос мегардад, ба дӯши мутахассисони байтории Кумитаи бехатарии озуқаворӣ вогузор карда шудааст.

           Безараргардонии маводи таҳти карантинӣ қарордошта

   Организмҳои зараррасони карантинӣ ва дигар организмҳои махсусан хавфнок, ки ҳангоми воридоти маводи таҳти карантинӣ ба ҳудуди мамлакат метавонанд ворид гашта, ба майдони кишти зироатҳо, боғҳо ва ҷангалзорҳо паҳн шаванд ва ба бехатарии  амнияти  озуқавории  мамлакат  таъсири  манфӣ  расонанд, сари вақт аз ҷониби мутахассисони гузаргоҳҳои сарҳадӣ бозрасӣ мешаванд. Дар ҳолати дарёфти ҳашароти зараррасон дар асоси хулосаи озмоишӣ аз тарафи мутахасисони Дастаи фумигатсионии ҷумҳуриявии Кумитаи бехатарии озуқаворӣ чораҳои безараргардонӣ (фумигатсия) гузаронда шуда, баъдан ба қаламрави ҷумҳурӣ иҷозат дода мешавад.

        Бо мақсади пешгирӣ намудан аз пайдоиш ва паҳншавии организмҳои зараррасон соли ҷорӣ дар маҷмуъ ба миқдори 7906 м3 молу маводҳо, 66152  тонна маводҳои таҳти карантинӣ ва 320 059 дона ниҳол ва кӯчатҳо безараргардонӣ (фумигатсия) гузаронда  шудааст.

        Аз молу маводи таҳти карантинии  нишондодашуда маҳсулоти зерин   безарар гардонда шуданд: 4684 м3 анборҳо, 2599м3 чӯбу тахта, 320 059 дона ниҳол ва кӯчатҳо, 40979 тонна нахи пахта, 12406 тонна ришта, 231 тонна маҳсулоти пахта (линт),  5921 тонна меваи  хушк, 2187 тонна донаи зардолу, 204 тонна писта, 61 тонна  картошкаи тухмӣ, 38  тонна ҷуворимаккаи тухмӣ, 73 тонна чигити тухмӣ, 296 тонна гандуми тухмӣ, 197 тонна тухмии юнучқа, 1814 тонна чормағзи заминӣ,  774 тонна чормағзи юнонӣ, 92 тонна тамоку,  6,6 тонна зарфмонак, 163 тонна сабзавоти  хушк,   106  тонна маҳсулоти чӯбин,  143 тонна чӯби чормағз.

Маблағи безараргардонии маводҳои таҳти карантинӣ дар соли равон   1 089 562  сомониро ташкил  медиҳад.

 Норасоии таҷҳизоти муосири ташхисӣ мушкилоти пешорӯи соҳа

Дар самти баланд бардоштани тавонмандии санҷишии Маркази миллӣ ва марказҳои ташхисии бехатарии озуқаворӣ, озмоишгоҳҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ ва таҷҳизонидан бо таҷҳизоти муосир, таъмин намудан бо маводҳои ташхисӣ, диагностикумҳо, рангҳои озмоишӣ бо ҷалби маблағҳои шарикони рушд корҳои назаррас ба сомон расонда шудааст. Бо вуҷуди он ки таҷҳизоти муосир, ки имкони санҷишии Маркази миллӣ ва марказҳои ташхиси бехатарии озуқавориро баланд мебардоранд, дастрас карда шудаанд, дар ин самт роҳандозии тадбирҳои нав зарур мебошанд.

Зеро, барои гузарондани баъзе намуди ташхисҳо то ҳанӯз усулҳои классикӣ истифода бурда мешаванд. Аз рӯи регламенти техникӣ  бояд гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, шир ва маҳсулоти ширӣ дар асоси гурӯҳи нишондиҳандаҳои бехатарӣ (нишондиҳандаҳои узвӣ, зичӣ, равғаннокӣ, сафедаҳо, бақияи моддаҳои хушк, ҳиссаи об, дараҷаи яхкунӣ, туршнокӣ, хуҷайраҳои соматикӣ, нишондодҳои радиологӣ, бақияи антибиотикҳо, уфунати бактериологӣ) мавриди санҷиш қарор дода шавад. Айни замон  дар ташхисгоҳҳо шароити муосири ташхисӣ барои муайян намудани ҷузъҳои зарарнок, пеститсидҳо, диоксинҳо ва меламинҳо дар таркиби шири хом фароҳам оварда нашудаанд. Дар ҳақиқат, яке аз мушкилоти ҷойдошта, ки ба рушди устувори инкишофи бехатарии озуқаворӣ халал мерасонад, ин истифодаи беназорати  ҳаргуна нумуяҳо, иловаҳои хӯрокаи таркибашон ноомӯхта дар парвариш, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти озуқаворӣ мебошад, ки барои саломатии инсон паёмадҳои номатлуб пеш меоранд. 

Бо мақсади ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудан ва сарфаи вақти соҳибкорон (воридкунандагони маҳсулот)  ташкили озмоишгоҳҳои аввалияи бехатарии озуқаворӣ бевосита дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ зарур аст. Айни ҳол дар сарҳади давлатии ҷумҳурӣ бо кишварҳои хориҷӣ 37 адад нуқтаи назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ барои назорати раванди воридот, содирот ва транзити маҳсулоти озуқаворӣ амал мекунанд. Бинобар сабаби маҳдуд будани имкониятҳои молиявӣ ва техникӣ танҳо дар 8 гузаргоҳи сарҳадӣ озмоишгоҳҳои аввалияи наздисарҳадӣ таъсис дода шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонида шудаанду халос.

          Санҷиш ва назорати қатъии воридоти маҳсулоти озуқавории аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда ба бозори истеъмолии ҷумҳурӣ ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Мутаассифона, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ бинобар сабаби надоштани таҷҳизотҳо барои муайян намудани маҳсулоти озуқавории аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда имкон надоранд.

                 Робитаҳои байналмилалӣ густариш меёбанд

Дар самти робитаҳои байналмиллалӣ аз ҷониби Кумитаи бехатарии озуқаворӣ 4 санади ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишнома байни Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва Инспексияи давлатии карантини растании назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантини растанӣ (августи соли 2018), Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ (августи соли 2018), Протокол бо Хадамоти федеролӣ оид ба назорати байторӣ ва фитосанитарии Вазорати кишоварзии Федератсияи Россия оид ба риояи талаботи фитосанитарӣ ҳангоми содироти маҳсулоти меваю сабзавоти дорои хавфи баланди фитосанитарӣ дошта (апрели соли 2019) ва Протокол бо  Саридораи гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба талаботи фитосанитарӣ ҳангоми содироти лимӯ (июни соли 2019) ба имзо расонда шуданд.

                    Соҳибкорони ватанӣ дастгирӣ меёбанд

Тартиби гузарондани аккредитатсияи корхонаҳои истеҳсолӣ, ширкатҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба воситаи онҳо ба мамлакат борҳои таҳти назорати байторӣ ворид карда мешаванд ва инчунин, тартиби гузарондани аттестатсияи байторию санитарии шароити истеҳсолии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ (маҳсулоти истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯш) таҳия ва тасдиқ карда шуда, мавриди амал қарор дода шуданд.

Инчунин, дар самти назорати маводҳои байторӣ барои фаъолияти фарматсевтикаи байторӣ иҷозатномаҳо дода шуда, ба дорухонаҳои байторӣ  аттестати мутобиқати иншоот ва ба фурӯшандаҳои дорухонаҳои байторӣ сертификати провизорӣ дода мешавад. Барои ворид намудани маводҳои байторӣ  гувоҳномаи бақайдгирии маводҳои байторӣ, сертификати мутобиқати маводҳои байторӣ ба соҳибкорони ватанӣ, ки ба фаъолияти фармасевтикаи байторӣ сару кор доранд, дода мешавад.

Хӯрока ва иловаҳои хӯроки ҳайвонот аз ҳисоби ширкатҳои воридоткунанда барои бақайдгирӣ ва гузарондани санҷишҳои озмоишӣ ба Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ пешниҳод шуда, баъди санҷишу баррасӣ гувоҳномаи бақайдгирӣ ба муддати 5 сол дода мешавад.

Кумитаи бехатарии озуқаворӣ тадбирҳоро оид ба ташкил намудани Марказҳои  логистикӣ молрасонӣ ҷиҳати таъмини бозорҳои истеъмолии кишвар бо маҳсулоти озуқаворӣ, инчунин содирот намудани меваҳои тару тоза, сабзавот, меваи хушк, полизиҳо, ситрусиҳо  амалӣ намуда, баҳри бе монеаҳои  маъмурӣ ҳуҷҷатгузории молу маҳсулоти содиротшаванда корҳои заруриро роҳандозӣ намуда, оид ба баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар мусоидат намуда истодааст.

Мутахассисони кумита дар самти таъмини бехатарии озуқаворӣ ҷиҳати мутобиқ гардондани санадҳои меёрии ҳуқуқӣ оид ба бехатарии озуқаворӣ ба стандартҳои байналмилалӣ, амалӣ намудани чораҳои таъхирнопазир бо ҷалби маблағҳои дохилӣ ва дастгирии маблағҳои шарикони рушд барои сохта ва ба истифода додани озмоишгоҳҳои муосири ташхиси бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ дар сатҳи байналмилалӣ, ки барои баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар мусоидат менамояд, чораҷӯиҳоро роҳандозӣ намудааст. Ҳамзамон, ҷалб намудани маблағғузории иловагӣ аз буҷети давлатӣ ва грантҳои созмонҳои байналмилалӣ ва донорҳо барои хариди маводҳои байторӣ баҳри таъмини чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ, давра ба давра аз нав таҷҳизондани ташхисгоҳҳо, харидории таҷҳизоти замонавӣ, маводи ташхисӣ, реагентҳои зарурӣ ва бозомӯзии кадрҳо, инчунин таъсиси озмоишгоҳҳои аввалия дар нуқтаҳои давлатии бехатарии озуқаворӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ аз самтҳои аввалияи фаъолияти кормандони кумита маҳсуб меёбанд. 

                                            binorasht


Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, функсияҳои махсуси иҷроиявӣ, назоратӣ, иҷозатдиҳӣ ва функсияҳои дигари дар соҳаҳои байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо, ҳимояи растаниҳо, тухмӣ ва зотпарварӣ муқарраргардидаро анҷом медиҳад.