ГУЗОРИШ АЗ НИШАСТИ МАТБУОТИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Санаи 2 феврали соли 2023 соати 11:00, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси мактуби ирсолнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №26/10-21 аз 20 январи соли 2023, дар бораи ҷараёни иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 оид ба ҷамъбасти нишастҳои матбуотӣ, нишасти матбуотии худро бо иштироки роҳбарият, зерсохторҳои Кумита ва бо иштироки васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардонид.
Ахбороти мухтасар оид ба фаъолияти мақомоти бехатарии озуқаворӣ дар соли 2022, дар шакли «Варақаи иттилоотӣ» пеш аз баргузории нишасти матбуотӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар», сомонаи Кумита ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ҷойгир карда шуда, дастраси рӯзноманигорон гардонида шуд.
Нишасти матбуотӣ пас аз маърӯзаи роҳбарияти Кумита оид ба дастовардҳои мақомоти бехатарии озуқаворӣ ва ҳалли камбудиҳои ҷойдошта ҷиҳати рушди соҳа, пурра тариқи саволу ҷавоб ҷараён гирифта, рӯзноманигорон ба саволҳои пешниҳоднамудаи худ аз ҷониби масъулини Кумита ҷавобҳои мукаммалу қаноатмандкунанда гирифтанд.
Рафти нишасти матбуотии Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ба шакли суратгузориш дар сомонаи АМИТ “Ховар”, сомонаи Кумита ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойгир карда шуда, тавассути телевизиони “Душанбе”, “Сафина” ва “Ҷаҳоннамо”, инчунин шабакаҳои радиоии “Ховар” ва “Тоҷикистон” пешниҳоди аҳолии кишвар гардонида шуд.
Кумитаи бехатарии озуқаворӣ бо мақсади инъикоси дастовардҳои соҳа дар самти таъмини маҳсулоти бехатар, баланд бардоштани маданияти хариду фурӯш ва истеъмолии шаҳрвандон ҳамкориҳояшро бо намояндагони ВАО-и кишвар идома дода, дар ин самт гузоришу барномаҳои телевизионӣ омода намуда, манзури шаҳрвандон мегардонад.
Бахши иттилоот ва робити бо ҷомеа
Кумита
Хабарҳо ва эълонҳо
- НАМОИШ ФУРУШӢ МАҲСУЛОТҲОИ КИШОВАРЗИИ НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 14.08.2023
- Корҳои назоратӣ дар самти фитосанитарӣ 24.07.2023
- Нашри матбуотӣ 20.07.2023
- КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: 19.07.2023