Иштироки Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи минтақавиии «Харитаи роҳ барои вабои сумдард ва тоуни чорвои хурди шохдор» дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон
Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло аз санаи 25 то 27 апрели соли 2023 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон, дар ҷаласаи минтақавии «Харитаи роҳ барои вабои сумдард ва тоуни чорвои хурди шохдор» иштирок намуда истодааст.
Мақсад аз баргузории ҷаласаи мазкур, ин муҳокимаи банақшагирии чорабиниҳои байнидавлатии муштарак оид ба пешгирӣ, мубориза бо бемориҳои вабои сумдард ва тоуни чорвои хурди шохдор,паст кардани сатҳи талафоти маҳсулоти чорводорӣ, сатҳи камбизоатии аҳолии деҳот, беҳтар намудани фазои савдои байналмилалии чорвои маҳсулдеҳи зотӣ, маҳсулоти аз ҳайвонот истеҳсолшаванда, таъмин кардани саноати коркард бо ашёи хом ва содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар мебошад, ки саҳми назаррас дар рушди соҳаи чорводорӣ дорад. Ҳамзамон, ба иштирокчиён имконият даст медиҳад, ки дар раванди баргузории чорабинии мазкур бо ҳамтоёни худ аз дигар кишварҳо вохӯриҳо доир намуда, дар ин раванд мушкилотҳо ва масъалаҳои марбут ба ҳамкории минбаъдаи соҳаро муҳокима намуда, робитаҳои ҳамкориҳои соҳавиро мустаҳкам намоянд.
Кумита
Хабарҳо ва эълонҳо
- НАМОИШ ФУРУШӢ МАҲСУЛОТҲОИ КИШОВАРЗИИ НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 14.08.2023
- Корҳои назоратӣ дар самти фитосанитарӣ 24.07.2023
- Нашри матбуотӣ 20.07.2023
- КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: 19.07.2023