Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Назорати зотпарварӣ

ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ ЗОТПАРВАРӢ»
№1020, аз 19.09.с.2013

Моддаи 1. Ба ҚонуниҶумҳурииТоҷикистоназ 19 сентябри соли 2013«Дар бораи зотпарварӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2013, № 8-9, мод. 653 Қонуни ҶТ аз 21.02.с.2018. №1513) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

Боби 1.Муқаррароти умумӣ

1. Муқаддимаи Қонун дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ,  ташкилӣ ва иқтисодии фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ, истеҳсол ва истифодаи маводи(маҳсулоти) зотиро муайян намуда, барои нигоҳдорӣ ва беҳтар намудани хазинаи генетикии чорвои зотӣ, танзими фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи мазкур равона шудааст.».

2. Дар матни Қонун калимаҳои «ҳайвонот», «ҳайвони», «ҳайвонҳои» ва«ҳайвон»мувафиқан ба калимаи «чорвои» иваз карда шаванд.

3.Моддаи 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

« Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

чорвои кишоварзӣ – ҳамаи намуди чорво, парранда, моҳӣ ва занбӯри асал, ки инсон парвариш менамояд ва ба истеҳсолоти кишоварзӣ муносибати бевосита дорад;

зотпарварӣ–маҷмӯи чорабиниҳои зоотехникӣ, биологию-генетикӣ, ташкилию-хоҷагидорӣ, ки барои офаридани зотҳои нав, хел ва гурӯҳҳои селексионии чорво, нигоҳубин ва беҳтар намудани сифатҳои зотҳои мавҷуда равона карда шудаанд;

маводи (маҳсулоти) зотӣ – ҷинсҳои нарина ва модинаи чорво, парранда, моҳӣ ва занбӯри асал, инчунин нутфа ва ҷанинҳо, ки аз чорвои зотӣ гирифта шудаанд;

чорвои зотӣ – чорвои дорои ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мансубияти авлодӣ, ки ба қайди давлатӣ гирифта шудааст ва барои офаридани зоти чорво истифода бурда мешавад;

арзиши зотӣ – сатҳи иқтидори генетикии чорвои зотӣва таъсири он ба аломатҳои фоиданоки авлодии насл;

баҳодиҳии сифати чорвои зотӣ – муайян намудани сифатҳои зотнокӣ, маҳсулнокӣ ва инкишофёбии чорвои зотӣ бо додани дараҷаи дахлдор, инчунин дигар маводи (маҳсулоти) зотӣ, ки бо мақсади истифодаи оянда муайян карда мешаванд;

тамғагузорӣ – нишона кардани чорвои зотӣ бо роҳи гузоштани рақам (холкӯбӣ, насби бирка), ки барои аниқ ҳаммонанд кардани он имкон медиҳад; 

зоти чорво – гурӯҳи сершумори як намуди чорво, ки саршумори муайяни синну сол ва ҷинсҳои гуногуни дорои арзиши зотии ба насли оянда гузарандаро дар бар гирифта, сифатҳои муайяни фоиданок ва фарқкунанда аз дигар чорвои зотӣ доранд ва таркиби он аз шумораи зарурии авлод (кросс) иборат мебошад; 

авлод – гурӯҳи муайяни дохилизотии чорвои ҳамнасл, ки дар таркиби зот бо аломатҳои муайяни худ фарқ мекунанд;

кросс –маҷмӯи авлод ва дурагаҳои чорво, ки дар доираи тартиби муайянгардида бо роҳи ҷуфткунонӣ ба вуҷуд омадаанд;

генофонди камшумори зот– гурӯҳи кам дучоршавандаи зоти чорво, ки бо хусусиятҳои ирсӣ ва селексионии худ фарқ мекунанд ва зери хатари нобудшавӣ қарор доранд;

феҳристи давлатии чорвои зотӣ – маҷмӯи маълумот оид ба мансубият, маҳсулнокӣ, дигар сифатҳои чорвои зотӣ ва арзиши зотии насли онҳо; 

  китоби зотҳои чорво – маҷмуи маълумот оид ба зотҳои алоҳида, ки арзиши бештар афзалиятнок аз руи мансубият, маҳсулнокӣ ва дигар сифатҳо доранд;

хели дохилизотӣ – гурӯхи чорво, ки бо усулҳои ҷуфткунонии зотҳои гуногун барои тез тағйир додани аломатҳои авлодӣ ё ду ва зиёда зотҳо барои  ба вуҷуд овардани зоти маҳсулнокиаш баланд офарида мешаванд;

корхонаи ( хоҷагии) зотпарварӣ – субъекти хоҷагидор, ки ба зиёд кардани саршумори чорвои зотӣ, офаридани зотҳои нав, беҳтарсозии сифатҳои фоиданоки зотҳои мавҷуда, инчунин гирифтани нутфаи наринаи зотӣ, нигоҳдорӣва фурӯши онҳо машғул мебошад;

заводи зотпарварӣ – ташкилоте, ки саршумори чорвои зоти маҳсулнокиаш баланд  дорад ва  ба парвариши чорвои зотии хушнаслу  фурӯши он машғул аст; 

маркази зотпарварӣ – шахси ҳуқуқӣ, ки ба парвариши зотҳои сермаҳсули ватанию хориҷӣ ва вусъатдиҳии истифодаи иқтидорҳои генетикии намудҳои гуногуни чорво машғул мебошад;

-фермаи чорводорӣ – ҷузъи таркибии хоҷагии кишоварзӣ, ки ба парвариши чорвои зотӣ машғул мебошад;

аттестатсия – баҳодиҳии фаъолияти  субъектони соҳаи зотпарварӣ, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ давра ба давра гузаронида мешавад;  

шаҳодатнома дар бораи чорвои зотӣ – ҳуҷҷате, ки мансубияти авлодӣ, маҳсулнокӣ ва дигар сифатҳои чорвои зотӣ, инчунин мансубияти нутфа ва ё ҷанинро тасдиқ менамояд;

шиносномаи генетикӣ (генеологӣ) –ҳуҷҷати намунааш муқарраргардида, ки аз тарафи озмоишгоҳи экспертизаи генетикӣ  оид ба мансубияти чорвои зотӣ дода мешавад;

мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки дар доираи ваколатҳои худ татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи зотпарварӣ амалӣ менамояд.»

4. Дар моддаи 2:

аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад;

қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Муносибатҳо вобаста ба парвариш ва истифодаи ҳайвоноти ваҳшӣ ва хонагӣ, ки чорвои кишоварзӣ намебошанд, тибқи Қонуни мазкур танзим карда намешаванд».

5. Дар моддаи 3:

дар номи модда калимаи «обӣ» ба калимаҳои «хоҷагии об» иваз карда шаванд;

дар матни модда калимаҳои «обӣ» ва «реҷаи» мувофиқан ба калимаҳои «хоҷагии об» ва «тартиби» иваз карда шаванд.

6. Моддаи 4 хориҷ карда шавад.

7. Аз ном ва матни моддаи 5 калимаҳои «соҳибкорӣ ва» хориҷ карда шаванд.

8. Дар сархати сеюми моддаи 6 калимаҳои «такмил ва» хориҷ карда шуда, пеш аз калимаи «,нигоҳдорӣ» калимаҳои «ва беҳтар намудани сифатҳои фоиданоки зотҳои мавҷуда» илова карда шаванд.

9. Дар моддаи 7:

сархатҳои дуюм, сеюм ва чорум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

«барномаҳои рушди соҳаи зотпарвариро таҳия намуда барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд; 

дастур, меъёр ва қоидаҳои фаъолият дар соҳаи зотпарвариро таҳия ва тасдиқ менамояд;

номгӯи субъектони соҳаи зотпарвариро муайян намуда, бақайдгирии чорвои зотиро дар Феҳристи давлатии чорвои зотӣ ва китоби зотҳои чорво таъмин мекунад;»;

дар сархати панҷум калимаи «мегузаронад» ба калимаҳои «таъмин менамоянд» иваз карда шавад;

сархати шашум хориҷ карда шавад;

сархатҳои ҳафтум ва ҳаштум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

«ба субъектҳои соҳаи зотпарварӣ шаҳодатнома дар бораи чорвои зотӣ медиҳад ва амали шаҳодатнома ё ҳуҷҷати ба он ҳамарзиши маводи (маҳсулоти) зотии воридшавандаро, ки мақомоти расмии давлати содиркунандадодаанд, эътироф менамояд;

номгуи намудҳои чорвои кишоварзиро, ки ҷинсҳои наринаи он барои офаридани зотҳои нав ё беҳтар намудани сифатҳои зотҳои мавҷуда истифода мегарданд, муайян мекунад;»

дар сархати даҳум аломати нуқта ба аломати нуқта вергул «;»иваз карда шавад.

сархатҳои ёздаҳум, дувоздаҳум ва сенздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

«ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи зотпарпариро амалӣ менамояд; 

санҷиши босифати маводи (маҳсулоти) зотиро таъмин мекунад;

барои дастгирии давлатии соҳаи зотпарварӣ, аз ҷумла нигоҳдории генофонди камшумор ва зери хатари нобудшавӣ қарор доштаи зотҳои барои гузаронидани корҳои селексионӣ фоиданок пешниҳод  менамояд.».

10. Моддаи 71 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

Моддаи 71. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ тадбирҳои зеринро амалӣ менамоянд:

таҳияи барномаҳо, нақшаи чорабиниҳои минтақавӣ дар соҳаи зотпарварӣ, пешниҳоди онҳо барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (ноҳия) ва назорати иҷрои онҳо;

амалӣ намудани дигар ваколатҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

11. Моддаи 8 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Моддаи 8. Ҳадаф ва вазифаҳои фаъолияти селексионӣ дар соҳаи зотпарварӣ 

1.Ҳадафҳои асосии фаъолияти селексионӣ дар соҳаи зотпарварӣ аз инҳо иборатанд:

мусоидат намудан ба субъектҳои соҳа дар ҳалли масъалаҳои офаридани зотҳои нав ва беҳтар намудани сифатҳои зотҳои мавҷуда;

парвариши чорвои кишоварзии маҳсулнокиаш баланд;

нигоҳдории генофонди чорвои зотӣ ва ҷорӣ намудани технологияхои муосири селексия.

2. Вазифаҳои соҳаи зотпарварӣ аз инҳо иборатанд:

ташкили корҳои селексионии-зотпарварӣ дар соҳаи чорводорӣ;

фароҳам овардани шароит барои офаридани зотҳои нав,авлод, кросс, нигоҳдорӣ ва беҳтарсозии генофонди мавҷудаи чорво;

ташкили бақайдгирӣ, ҳаммонанд кардани чорво, ҳуҷҷатгузорӣ кардани фаъолият зотпарварӣ ва гузаронидани саҷиши маводи (маҳсулоти) зотӣ;

такмили восита ва усулҳои зотпарварӣ; 

бақайдгирии чорвои зотӣ дар Феҳристи давлатии чорвои зотӣ;

тайёр кардани пешниҳод оид ба дастгирии давлатии соҳаи зотпарварӣ, аз ҷумла нигоҳдории генофонди камшумор ва зери хатари нобудшави қарор доштаи зотҳои барои гузаронидани корҳои селексионӣ фоиданок;

муайян намудани самтҳои асосии ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи зотпарварӣ;

ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ ва таҷрибаи пешқадам дар соҳаи зотпарварӣ;

гузаронидани аттестатсияи фаъолияти субъектҳои соҳаи зотпарварӣ.».

12. Дар моддаи 9:

қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда  шавад:

«1. Сохторҳои марказӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии мақоми ваколатдори давлатӣ Хадамоти назорати давлатии зотпарвариро ташкил медиҳанд. Роҳбарон ва муовинони сохторҳои Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ нозирони давлатӣ оид ба зотпарварӣ ба ҳисоб мераванд.»;

дар қисми 3  калимаҳои «дар фаъолияти худ Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки мутобиқи Қонуни мазкур қабул гардидаанд, ба роҳбарӣ мегиранд» ба калимаҳои «фаъолияти худро дар асоси Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд» иваз карда шаванд;

дар қисми 4:

аз сархати дуюм калимаи «ройгон» хориҷ карда шавад;

сархати панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«истифодаи технология, олот, таҷҳизот ва маводҳоро дар офаридани зотҳои нав, навъ, гурӯҳҳои селексионии чорво ва беҳтар намудани сифатҳои зотҳои мавҷуда, назорат намоянд;»;

– дар сархати ҳафтум калимаҳои «зотпарварии дахлдор» ба калимаи «зотпарварӣ» иваз карда шаванд;

13. Дар моддаи 10:

ба номи модда ва қисми 1 баъд аз калимаи «зотӣ» калимаҳои « ва китоби зотҳои чорво» илова карда шаванд;

дар қисми 2 калимаи «зотиро» ба калимаҳои «зотӣ ва китоби зотҳои чорворо» иваз карда шавад.

14. Моддаи 11 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Моддаи 11.Дастгирии давлатии соҳаи зотпарварӣ 

1. Дастгирии давлатии соҳаи зотпарварӣ, аз чумла нигоҳдории генофонди камшумори зотҳо дар асоси барномаҳои рушди зотпарварӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ амалӣ карда мешавад.

2. Соҳаи зотпарварӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузорӣ, кӯмакҳои башардӯстона, маблағҳои хайрияи шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва  дигар манбаъҳомаблағгузорӣ карда мешавад. 

3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои дастгирии давлатии соҳаи зотпарвариро тибқи пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ муайян менамояд.

4. Тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба субъектони соҳаи зотпарварӣ кафолатҳо, имтиёзҳои қарзӣ ва андози дода мешаванд.

15. Дар сархати дуюми қисми 2 моддаи 12 калимаҳои «раванди селексия ва бозтавлиди ҳайвонотзотӣ» ба калимаҳои «офаридани зотҳои нав, навъ ва гурӯҳҳои селексионии чорво, нигоҳубин ва беҳтар намудани сифатҳои зотҳои мавҷуда» иваз карда шаванд.

16. Дар моддаи 13 :

дар сархати дуюми қисми 4 калимаҳои «шаҳодатномаи зотӣ» ба калимаҳои «шаҳодатнома дар бораи чорвои зотӣ» иваз карда шаванд;

қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«5. Фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ дар соҳаи зотпарварӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур танзим карда мешавад.

17. Дар моддаи 15:

дар қисми 1 калимаҳои «зотҳои онҳо, сатҳи маҳсулнокии ин ҳайвонот» ба калимаҳои «сатҳи маҳсулнокии чорво» иваз карда шаванд;

ҷумлаи якуми қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Мансубият ба гурӯҳи корхонаи (хоҷагии) зотпарварӣ, ки тибқи муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ гардидааст, дар асоси натиҷаҳои аттестатсия муайян карда мешавад.»;

дар қисми 3 калимаҳои «буда, ҷинсҳои наринаи зотиро истифода бурда, маҳсулоти онҳоро барои бордоркунии сунъӣ ҷамъоварӣ менамоянд ва озмоишҳои сифатҳои ирсию генетикии ин ҳайвонотро мегузаронанд» ба калимаҳои «мебошанд ва бо мақсади беҳтар намудани иқтидорҳои генетикии намудҳои гуногуни чорво маводи ҷинсҳои наринаи чорвои зотиробарои бордоркунии сунъии чорвои кишоварзӣ захира ва (ё) истифода менамоянд,» иваз карда шаванд.

18. Дар моддаи 16:

сархатҳои шашум ва ҳафтум  қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«зиёд кардани саршумори чорвои зотӣ, аз ҷумла зоти генофонди камшумордошта, инчунин фурӯши маводи (маҳсулоти) зотии истеҳсолшуда» иваз карда шаванд;

беҳтар намудани иқтидори генетикии чорвои зотӣ, аз ҷумла зоти генофонди камшумордошта дар доираи барномаҳои соҳавӣ ва дастовардҳои илмӣ.»;

-дар қисми 2 калимаи «амалӣ» ба калимаи «муайян» иваз карда шавад.

19. Матни моддаи 17 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«1. Корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ дар амалӣ намудани фаъолияти худ мустақил буда, дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст.

2. Ҳуқуқи моликият ва тартиби истифодаи маводи (маҳсулоти) зотӣ дар корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.».

20. Дар моддаи 18:

дар номи модда калимаҳои«ҷиҳати хизматрасонӣ оид ба» ба калимаи «дар» иваз карда шаванд;

дар матни модда калимаҳои «ҷиҳати хизматрасонӣ оид ба муайян кардани арзиши зотии ҳайвонот, муайян кардани арзиши зотии ҳайвоноти» ба калимаҳои «муайян кардани арзишҳои зотии чорво, чорвои» иваз карда шаванд.

21. Дар моддаи 20:

дар қисми 1 калимаи «бояд» хориҷ карда шуда, калимаи «шавад» ба калимаи «мешавад» иваз карда шавад;

-ба қисмҳои 2 ва 3 баъд аз калимаҳои «Феҳристи давлатии ҳайвоноти зотӣ » мувофиқан ба калимаҳои «ва китоби зотҳои чорво» илова карда шаванд;

-аз қисми 3 калимаҳои «маводи (маҳсулоти) зотиро ба ҳисоб гирифта,» хориҷ карда шаванд.

22. Дар ном ва матни моддаи 21 калимаи «шаҳодатномаи» ба калимаҳои «шаҳодатнома дар бораи чорвои» иваз карда шавад.

23. Дар моддаи 22:

-  ҷумлаи якумиқисми 1хориҷ карда шуда, калимаи «Баҳодиҳӣ» ба калимаҳои «Баҳодиҳии мавод (маҳсулоти) зотӣ» иваз карда шавад;

қисмҳои 2ва 3 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

«2. Чорвои зотии наслдеҳи барои офаридани зотҳои нав ва беҳтар намудани сифатҳои зотҳои мавҷуда интихобшуда, аз руи сифатҳои зотнокӣ, маҳсулнокӣ ва инкишофёбии чорвои зотӣ санҷиш ва баҳогузорӣ карда мешаванд.

3. Баҳодиҳӣ ба арзишҳои зотии чорво ва чорвои зотӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамасола дар корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ, ки маводи (маҳсулоти) зотӣ доранд, гузаронида мешавад.».

24. Дар қисҳои дуюм ва сеюми моддаи 23 калимаи «шаҳодатномаи» ба калимаҳои «шаҳодатнома дар бораи чорвои» иваз карда шавад.

25. Дар моддаи 24:

номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Моддаи 24. Офаридани зотҳои чорво ва беҳтар намудани сифатҳои зотии чорво»;

- қисми 1 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«1. Офаридани зотҳои нав (кроссҳо, авлодҳо) ва беҳтар намудани сифатҳои зотҳои мавҷуда бо тартиби муқаррар намудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистоназ ҷониби субъектони соҳаи зотпарварӣ амалӣ карда мешаванд.»;

дар қисми 1 калимаҳои «Бозтавлиди ҳайвоноти» ва «шаҳодатномаи» мувофиқан ба калимаҳои «Офаридан ва беҳтар намудани сифатҳои зоти чорво дар» ва «шаҳодатнома дар бораи чорвои» иваз карда шаванд;

дар қисми 2 калимаҳои «тибқи барномаҳои давлатии селексионӣ» ба калимаҳои «аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ» иваз карда шаванд.

қисмҳои 1,2 ва3 мувофиқан қисмҳои 2,4 ва 5 ҳисобида шаванд;

26. Дар моддаи 25:

дар қисми 3 калимаи «сертификати» ба калимаҳои «ҳуҷҷати тасдиқкунандаи» иваз карда шавад.

27.Дар моддаи 26:

дар номи модда калимаҳои «афзоишдиҳии онҳо» ба калимаҳои «парвариши чорвои кишоварзӣ» иваз карда шаванд;

ба сархати якум пеш аз калимаи «мувофиқан» калимаи «онҳо» илова карда шавад;

ба  сархати дуюм пеш аз калимаи «аз» калимаи «онҳо» илова карда шавад;

дар сархати чорум калимаи «шаҳодатномаи» ба калимаҳои «шаҳодатнома дар бораи чорвои» иваз карда шавад.

28.Моддаи 27 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Моддаи 27.Додани иҷозат барои бордоркунии сунъӣ ва пайвандсозии ҷанинҳои чорвои зотӣ

«1.Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар суръати мавҷуд будани мутахассиси соҳибихтисос ва таҷҳизоти махсус, инчунин бо назардошти вазъи зиддиэпизоотӣ ва байторию санитарӣ барои гузаронидани бордоркунии сунъӣ ва пайвандсозии ҷанинҳои чорвои зотӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ иҷозат дода мешавад. 

2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба парвариши чорвои кишоварзӣ машғул буда барои гузаронидани бордоркунии сунъӣ ва пайвандсозии ҷанинҳо ба мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки барои ташкили зотпарварӣ дар минтақаи дахлдор масъул мебошанд, дархост пешниҳод менамоянд.

3. Тартиби пешниҳоди дархост ва гирифтани иҷозат барои гузаронидани бордоркунии сунъӣ ва пайвандсозии ҷанинҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.».

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

ҶумҳурииТоҷикистон                                       Эмомалӣ Раҳмон