Натиҷаҳои ҷамъбастии фаъолияти Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021
Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.01.2022, №26/10-26, оид ба ташкил ва гузаронидани нишасти матбуотӣ ва мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 санаи 03.02.2022 соати 11:00 дар дар дастгоҳи марказии Кумита, дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Теҳрон-21 нишасти матбуотии худро оид ба «Натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар соли 2021» доир мегардад.
Аз намояндагони ВАО-и ҷумҳурӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки дар чорабинии мазкур иштирок намоянд.
Бахши иттилоот ва робита бо ҷомеаи Кумитаи бехатарии озуқаворӣ.
Телефон барои тамос: 227-97-25, сомона: www.cfs.tj,
E-Mail: kb020@ mail.ru