Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Саволномаи озмун оид ба муқаррароти қонунгузории бехатарии озуқаворӣ, хизмати давлатӣ ва дигар масъалаҳои сиёсӣ

Саволномаи озмун

оид ба муқаррароти қонунгузории бехатарии озуқаворӣ,

хизмати давлатӣ ва дигар масъалаҳои сиёсӣ

1.  Қонунгузории соҳаи бехатарии озуқаворӣ аз кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иборат аст?

2.  Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои мақомоти бехатарии озуқавориро номбар намоед?

3.  Вазифаҳои асосии мақомоти бехатарии озуқавориро номбар намоед?

4.  Дар бораи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маълумот диҳед?

5.  Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз кадом ҳуҷҷатҳо иборат аст?

6.  Оид ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ» маълумот диҳед?

7.  Кадом моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба фаъолияти мақомоти бехатарии озуқаворӣ алоқамандӣ дорад?

8.  Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тухмипарварӣ” маълумот диҳед?

9.  Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна давлат буда, шакли идораи Ҷумҳурии  Тоҷикистонро шарҳ диҳед?

10.       Низоми хизмати давлатиро номбар намоед?

11.       Кадом фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз қабул шудан ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ирсол мегардад?

12.       Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед?

13.       Амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» нисбати кадом субъектҳо паҳн намегардад?

14.       Дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳед?

15.       Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ қабул менамояд?

16.       Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ки ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад?

17.       Маҷлиси намояндагон аз чанд вакил иборат аст ва тартиби интихоби онҳо чӣ гуна аст?

18.       Тартиби қабул шудан ба хизмати давлатиро номбар намоед?

19.       Тартиби интихоб намудани вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст?

20.       Кадом қонунҳоро Маҷлиси намояндагон бе ҷонибдории Маҷлиси миллӣ қабул менамояд?

21.       Салоҳиятҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя кадомҳоянд?

22.       Таҷзияи ҳокимияти давлатиро номбар намоед?

23.       Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинои онро номбар намоед?

24.       Бо кадом мақсад ҳангоми қабули санадҳо ҳатман бо Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешавад?

25.       Низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар намоед?

26.       Дар кадом ҳолат ваколати узви Маҷлиси Миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон қатъ мегардад?

27.       Низомномаи тартиби гузаронидани озмун кай қабул шудааст?

28.       Асосҳои қатъ шудани хизмати давлатӣ кадомҳоянд?

29.       Талаботи тахассусии корманди мақомоти бехатарии озуқавориро номбар намоед?

30.       Аттестатсияи хизматчӣёни давлатӣ дар кадом муҳлатҳо гузаронида мешавад?

31.       Муҷозотҳои интизомии хизматчӣёни давлатиро номбар намоед?

32.       Маҳдудиятҳои дохил шудан ба хизмати давлатиро номбар намоед?

33.       Категорияҳои мансабҳои маъмурии хизмати давлатиро номбар намоед?

34.       Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳед?

35.       Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон кай қабул шудааст ва аз чанд модда ва боб иборат аст?

36.       Муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷистонро номбар намоед ?

37.       Инвентаризатсия дар асоси кадом санад ба роҳ монда шуда, дар кадом ҳолатҳо гузаронида мешавад?

38.       Тартиби ҳисоби музди меҳнати хизматчӣёни давлатӣ чӣ гуна аст?

39.       Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба кай таъсис ёфтааст?

40.       Дар бораи таърихи Ҷумҳурии Тоҷикисон баъди инқилоб маълумот диҳед?

41.       Дар бораи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиби коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ маълумот диҳед?

42.       Муаллифи матн ва оҳанги Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кист ва онро ироа намоед?

43.       Қаҳрамонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар намоед?

44.       Оид ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» маъулумот диҳед?

45.       Менеҷмент чӣст?

46.       Дар бораи қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ маълумот диҳед?

47.       Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд ҳизби сиёсӣ фаъолият мекунад?

48.       Дар бораи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳед?

49.       Унвонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар намоед?

50.       Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна давлат аст, хусусияти ягона ва дунявии онро шарҳ диҳед?

51.       Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чанд шаҳру ноҳия иборат мебошад?

52.       Хизматчӣи давлатӣ бо кадом мақсад эъломияи оид ба вазъи молу мулкӣ ва даромадро пешниҳод менамояд?

53.       Оид ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» маълумот диҳед?

54.       Кафолатҳои иҷтимоии хизматчӣи давлатиро номбар кунед?

55.       Уҳдадориҳои хизматчӣи давлатиро номбар намоед?

56.       Тафовути барномаи Word  аз Exel дар чӣст?

57.       Моҳияти давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ дар чӣ ифода меёбад?

58.       Ҳолатҳое, ки қабул шудан ба хизмати давлатиро истисно мекунад, номбар намоед? 

59.       Фаъолияти хизматӣ ва ғайри хизматии хизматчӣи давлатиро шарҳ диҳед.

60.       Принсипҳои Кодекси одоби хизматчӣи давлатиро номбар кунед?

61.       Принсипҳои хизмати давлатӣ кадомҳоянд?

62.       Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро чӣ ташкил медиҳад?

63.       Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд минтақаи озодӣ иқтисодӣ аст?

64.       Кодекс ва қонун чӣст? Тафовути кодекс аз қонун дар чӣст?

65.       Дар бораи Қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» маълумот диҳед.

66.       Мутобиқи қонун кадом муроҷиатҳо баррасӣ карда намешаванд? 

67.       Дар бораи Кодекси одоби хизматчӣи давлатӣ маълумот диҳед?

68.       Фарқи аттестатсия аз озмун дар чӣст?

69.       Хизматчӣи давлатӣ кист, феҳристи мансабҳои хизмати давлатиро номбар кунед?

70.       Муҳлати баррасии муроҷиатҳо чанд руз аст?

71.       Вазифаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар намоед?

72.       Барномаи экзел барои чӣ истифода бурда мешавад?

73.       Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба кай истиқлолияти худро ба даст овард?

74.       Шаклҳои муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро номбар кунед?

75.       Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи зотпарварӣ” маълумот диҳед?

76. Ҳуҷҷатҳои ҳамроҳӣ – байториро номбар намоед?

77. Маълумотномаи байтории шакли 1 барои чӣ дода мешавад?

78. Инсон ва ҳайвон чанд литр хун доранд?

79. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи байториро номбар намоед?

80. Барои пашм ва хӯроки чорво кадом шакли маълумотнома дода мешавад?

81. Хуни инсон аз хуни ҳайвон чӣ фарқ дорад?

82. Нишонаҳои бемории буғумдарди ҳайвоноту инсон ва ҳолатҳои сироятёбӣ ба онро номбар намоед?

83. Бемориҳои сироятии ҳайвонотро номбар кунед?

84. Дар бораи бемории буғумдарди ҳайвонот маълумот диҳед?

85. Аломатҳои касалии сухтании ҳайвонот?

86. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи фитосанитарӣ ва карантини растаниро номбар намоед?

87. Ҳашаротҳои карантиро номбар намоед?

88. Дар зироати пахта кадом ҳашаротҳо дида мешаванд?

89. Ҳашаротҳои зараррасонро номбар намоед?

90. Зараррасонҳои карантиниро номбар намоед?

91. Кирми камсток асосан ба кадом намуди растанӣ зарар мерасонад?

92. Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо» маълумот диҳед?

93. Тухмиро кадом вақт «Элита» ва кадом вақт «Репродуксияи 1» меноманд?

94. Дар заминҳои киштзор кадом чорабиниҳои карантинӣ гузаронида мешавад?

95. Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки соҳаи муҳосибот ва молияро ба танзим медароранд маълумот диҳед?

96. Имтиёзҳои андоз аз даромад ба кадом гурӯҳи шаҳрвандон татбиқ мегардад?

97. Намудҳои андозро номбар намоед?

98. Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом намудҳои андозҳоро месупорад?

99. Суди саҳмия (Дивидент) чӣст?

100. Фоидаи корхонаро чӣ хел муайян менамоянд?

101. Фоидаи соф чӣст?

102. Дар бораи пардохти хароҷоти маблағи сафарҳои хизматӣ маълумот диҳед?

103. Дар самти фаъолияти Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом созишномаҳои байналмилалиро медонед?

104. Тартиби ҳамроҳшавӣ ба конвенсияҳо чӣ тавр аст?

105. Тарҷумаи ҳолатонро бо забони англисӣ гӯед?

106. Дар бораи шаҳри Душанбе бо забони англисӣ гап занед?

107. Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои кадом созмону, ташкилотҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ мебошад?

108. Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кадом созмону ташкилотҳои байналмиллалии соҳави ҳамкорӣ дорад?

109. Ташабусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалиро номбар намоед?

110. Нақши Созмони Миллали Муттаҳид дар арсаи байналмилалӣ?

111. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кадом давлатҳо ҳамсарҳад мебошад?

Шуъбаи таъмини ҳуқуқӣ ва кадрҳои

Кумитаи бехатарии озуқавории назди

Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон