Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Ҷаласаи Мушовара оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва вазифаҳои барои соли 2022

jambasti  Санаи 5 январи соли равон дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумита, Машваратчии калон-сардори шуъбаи амнияти ҷамъиятии Шӯрои амнияти Ҷумҳури Тоҷикистон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Алямов Исрофил, муовинон, сардорони раёсат, шуъба, бахш ва сардорони Марказҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ ҷаласаи Мушовара оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи Кумита  ва вазифаҳо барои соли 2022 доир гардид.

Ҷаласаи мушовараро раиси Кумита Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло ҳусни оғоз бахшида, сараввал аҳли толорро бо супоришу вазифагузориҳои рӯзномаи ҷаласаи Мушовара шинос намуда, баъдан дар раванди музокира ҳалли масъалаҳои ҷойдошта аз ҷониби роҳбарияти Кумита низ муҳокима ва мавриди таҳлил қарор дода шуд.

 Сипас тибқи вақти муайншуда сардорони раёсат, шуъба, бахш ва сардорони Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ вобаста ба дастовардҳои нимсолаи фаъолияти кории худ ва ҳалли камбудиҳои ҷойдошта дар самти таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ суханронӣ намуданд.

  Ҳамчунин дар ин росто таъкид карда шуд, ки солимии аҳолӣ аз истеъмоли маҳсулоти бехатари озуқаворӣ вобаста аст. Бо ин мақсад ҳар дастурҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъмини бехатарии озуқаворӣ ба Кумита дода мешавад, сарбаландона он бояд дар заминаи татбиқи қонун ва барномаҳои амалкунандаи соҳавӣ сари вақт иҷро гарданд.

  Роҳбарияти Кумита баён доштанд, ки назорат ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун ҳадафи стратегӣ рисолати асосии фаъолияти кории мақомоти бехатарии озуқавориро ташкил дода, маҳз бо густариши ҳамкориҳо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати баланд бардоштани маданияти хариду фурӯш ва истеъмолии аҳолӣ ва таҳияи ролику барномаҳои тарғиботию ташвиқотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма дар ин самт, имкон медиҳад, ки мо ба ҳадафи дар пешгузоштаи худ, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ ва бехатарии он ноил гардем.

   Дар фарҷом Машваратчии калон-сардори шуъбаи амнияти ҷамъиятии Шӯрои амнияти Ҷумҳури Тоҷикистон Алямов Исрофил баромад намуда, ҳисоботи Кумитаро барои соли 2021 мусбӣ арзёбӣ намуда иброз доштанд, ки ҷиҳати таъмин намудани шаҳрвандон бо маҳсулоти сифатан баланд ва бехатарии озуқаворӣ дар доираи барномаҳои махсус таваҷҷуҳи ҳамешагӣ равона гардида, аз оғози соҳибистиқлолӣ то инҷониб даҳо барномаҳои давлатӣ дар ин самт қабул карда шуданд. Амалишавии барномаҳои соҳавӣ бошанд, имкон доданд то заминаҳои рушд дар кишвар таъмин карда шавад.

  Ҳамин тавр, пас аз он муҳокимаҳои масъалаҳои соҳавӣ фаъолияти Кумита дар соли 2021 қаноатбахш арзёбӣ гардида, барои фаъолияти минбаъда дар соли 2022 аз ҷониби роҳбарияти Кумита ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

 

                                                       kumtamajlisgoh

  Бахши иттилоот ва робита бо ҷомеаи Кумитаи бехатарии озуқавории   назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.