Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Ҳамоиши навбатӣ дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи 23 феврал ҳамчун рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

      i

Дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони сохторҳои қудратӣ, кормандони Кумита ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳамоиши тантанавӣ  баргузор гардид.

        Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло хангоми баргузории чорабинӣ тамоми меҳмонон ва кормандони Кумитаро бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ табрик намуда, зикр намуданд, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замоне таъсис дода шуд, ки кишварро вазъи печидаи сиёсӣ фарогир буд ва Тоҷикистони  тозаистиқлолро нестшавӣ таҳдид мекард.

        Маҳз бо ҷонисорӣ ва  талошу заҳматҳои шабонарӯзии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусалаҳ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ таъсис ёфт ва ҷанги шаҳрвандӣ ва оқибатҳои он дар як мудати кутоҳ бартараф карда шуд.

         Бо гузашти 27 сол Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон устувору қаввӣ гардида, бо кадрҳои соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ва бо техникаву таҷҳизоти муосири низомӣ таъмин гардид.

      Хушбахтона мардуми шарифи Тоҷикистон имрӯз дар симои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ҳомиву муҳофизи худро дида, рӯ  ба бунёдкориву созандагӣ ниҳодаанд, зеро Артиши миллӣ такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат буда, халқ ва Ватани  азизамонро содиқона ҳифз менамояд.