Артиши миллӣ рамзи шуҷоат ва қаҳрамонӣ
Санаи 22-юми феврали соли 2022 дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Кумита, муовинони раис, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳову бахшҳо ва намояндагони васоити ахбори омма ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.
Ҷаласаи мазкур таҳти садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфта, сипас раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло бо суханони табрикотии худ ҳозиринро ба рӯзи Артиши миллӣ самимона шодбош гуфта, қайд намуданд, ки имрӯз мо яке аз санаҳои муҳим дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол 29-солагии таъсиси Артиши миллӣ, ки рукни муҳимтарини давлат ва сипари боэтимоди Ватан мебошад, бо шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи Ватани азизамон ҷашн мегирем.
Ҳамчунин иброз доштанд, ки маҳз 29 сол муқаддам, санаи 23 феврали соли 1993 бо иқдом ва пуштибонии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони пурошӯби таъсиси нахуст пояҳои давлатдорӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки яке аз сохторҳои муҳими низомии кишвар буда, аз он замон то рӯзгори мо дар роҳи дифои итстиқлолият, таъмини амнияти марзу буми мамлакат ва ҳаёти осоиштаи мардуми диёр корнамоию ҷасорати беназирро аз худ боқӣ мегузорад.
Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби кормандони ҷавони Кумита шеъру суханҳо, ки тарранумгари васфи Артиши миллӣ буданд, қироат карда шуд, инчунин филми мустанад “Таъсиси Артиши миллӣ дастоварди бузурги даврони Истиқлолият” тариқи монитор пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд, ки ба кори ҷаласа ҳусни хоса зам намуд.
Бахши иттилоот ва робита бо ҷомеаи
Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон