ҶАШНИ БОШУКӮҲИ САДА ТАҶЛИЛ ГАРДИД
Ҷашни Сада рӯзи арҷгузорӣ ва иззату эҳтиром ниҳодан ба нуру гармӣ, рӯ овардан ба равшанӣ, рамзи меҳру муҳаббат ва дӯстиву рафоқат мебошад, ки аз ҷониби мардуми шарафманди тоҷик ҳамасола бо риояи тамоми суннату анъанаҳои хос таҷлил мегардад.
Ба хотири арҷгузорӣ ба ҷашнҳои милливу кӯҳан санаи 30 январи соли 2022 дар “Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ”-и шаҳри Душанбе ҷашни Сада ва намоиши ниҳолҳою тухми зироатҳои кишоварзӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.
Дар чорабинии идона ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ, Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ, Сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабурзода М., муовини Раиси шаҳри Душанбе Гуреззода Умед, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, зиёиён ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.
Дар ин рӯз дар қатори дигар вазорату идораҳо кишоварзон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат маҳсули бо ранҷ парваридаи худро, ки хоси он минтақа мебошад, инчунин олоти кории кишоварзӣ, тухмии зироат, гулу буттаҳои ороишӣ, хатсайри сайёҳии ҷашни Сада ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари ҷашни Сада мебошад, пешниҳоди ҳозирин гардониданд.
Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон зимни суханронии хеш сокинонро бо фарорасии ҷашни Сада шодбош гуфта, иброз намуд, ки Сада яке аз ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт ва оғози зиндагии нав давраҳои қадим то ба имрӯз ба мо омада расидааст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш иброз доштанд: “Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст".
Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар вазорату идораҳо самтҳои фаъолияту дастовардҳои худро ба монанди навъҳои гуногуни тухмиҳои баландсифати дорои сертификат, намоиши дастовардҳои соҳаи чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, занбӯри асалпарварӣ, дастур ва китобҳои гуногуни методӣ барои кишоварзону чорводорон барои пешгирӣ аз ҳар гуна касаливу ҳашаротҳои зараррасон намоиши заҳрдоруҳои гуногуни бо олотҳои дорупошӣ ва камераҳои фумигатсионӣ, ба маърази тамошобинон ва сокинони пойтахт гардониданд.
Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми кӯҳанбунёди мо аз нав эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст. Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки ҷашни Сада дар миёни ҷашнҳои сегонаи мардуми мо мақому манзалати хоса дорад, зеро он ифодагари омодагӣ ба гардиши табиат мебошад.Ҷашни Сада ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврӯз, инчунин давраи тайёрӣ ба киштукори баҳорӣ, ниҳолшинонӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад.
Дар фарҷоми ҷашнвора гулхани рамзӣ афрӯхта шуда, барои тамошобинон барномаи консертӣ ва намоиши театрикунонидашуда пешниҳод карда шуд, ки ба он ҳусни зебогии дигаре зам намуд..
Бахши иттилоот ва робита бо ҷомеаи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон