Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Аттестатсияи кормандони мақомоти бехатарии озуқаворӣ аз рӯи вазифаҳои ишғолнамуда дар мансаби хизмати давлатӣ

IMG 20210625 WA0007

Санаи 25 уми июни соли 2021 дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муайян кардани мувофиқат ба мансаби ишғолнамуда ва таъмини болоравии касбии кормандон, аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ бо иштироки, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намоянда, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар аттестатсияи мазкур  хизматчиёни давлатӣ, ки 3 сол инҷониб дар хизмати давлатӣ фаъолият мебаранд, иштирок карданд.Дар аттестатсия ҳайати комиссия сатҳи донишу  малакаи хизматчиёни давлатиро пурра  аз санҷиш гузаронида, донишу малака ва одоби хизматчиёни давлатиро баҳои баланд дода,  фаъолияти ҳар яки онҳоро муҳиму назаррас баҳогузорӣ намуданд.Бояд гуфт, ки хизматчиёни давлатӣ дар 3 сол 1 маротиба гузаронида шуда, мақсадаш такмили хизмати давлатӣ, беҳтар ба роҳ мондани интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, баланд бардоштани сифати хизмати давлатӣ мебошад.

Маркази матбуоти Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон