Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Баргузории озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ozmunmallim

    Рӯзи 11 марти соли 2022 дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи эълони додашуда, ки қаблан он дар нашрияҳои расмӣ эълон гардида буд, озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ тибқи тартиби муайянгардида, гузаронида шуд.

  Бо мақсади шаффофу одилона баргузор намудани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ ва ҷалб намудани мутахассисони соҳибмаълумот, ботаҷриба, кордону соҳибмаърифат, дар рафти кори Комиссияи озмунӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

  Бояд гуфт, ки аз 12 мансаби холии маъмурии хизмати давлатии дар эълон дарҷ гардида, 7 нафар довталаб муроҷиат ва фаъолона иштирок намуданд. Дар фарҷоми озмун бо қарори Комиссияи озмунӣ довталабони арзандаю соҳибтаҷриба барои таъин гардидан ба мансабҳо тавсия дода шуданд.

ozmun2022

Бахши иттилоот ва робита бо ҷомеаи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон