Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

БАРГУЗОРИИ ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ДАР КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ozmun 26.09

Рузи 26 сентябри соли 2022 дар Кумитаи бехатари озуқавории назди Ҳукумати  Ҷумхурии Тоҷикистон тибқи эълон додашуда, ки қаблан  он дар нашрияҳои расмӣ эълон гардида буд,озмун барои  ишғоли мансабҳои холи маъмури хизмати давлатӣ тибқи тартиби муаян гардидида, гузаронида  шуд.Бо мақсади шаффофу одилона баргузор намудани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмури хизмати давлатӣ ва ҷалб намудани мутахассисони соҳибмаълумот, ботаҷриба,кордону соҳибмаърифат, дар рафти кори Комиссияи озмунӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Агенти хизмати давлати  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон  ва раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудаанд.Бояд гуфт, ки  аз 16 мансаби холии маъмури хизмати давлатии  дар эълон дарҷ гардида,11 нафар довталаб  фаолона иштирок намудаанд. Дар фарҷоми озмун бо қарори Комиссияи озмӯнӣ довталабони арзандаю соҳибтаҷриба таъин гардиданд ба мансабҳо тавсия дода шудаанд..