Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

БАРГУЗОРИИ ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ДАР КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

kumitaozmun

Рӯзи 15-уми феврали соли 2023 дар Кумитаи бехатари озуқавории назди Ҳукумати  Ҷумхурии Тоҷикистон тибқи эълони нашршуда, ки қаблан  он дар нашрияҳои расмӣ ва сомонаҳои расмии Агентии хизмати давлати назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи бехатарии озуқавориӣ эълон гардида буд, озмун барои ишғоли мансабҳои холи маъмури хизмати давлатӣ тибқи тартиби муаянгардидида, гузаронида  шуд. Бо мақсади шаффофу одилона баргузор намудани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмури хизмати давлатӣ ва ҷалб намудани мутахассисони соҳибмаълумот, ботаҷриба, кордону соҳибмаърифат, дар рафти кори Комиссияи озмунӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Агентии хизмати давлати назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон ва раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Бояд гуфт, ки 6 нафар довталобони мансабҳои холии маъмурӣ хизмати давлатӣ дар озмун фаолона иштирок намуда, дар фарҷоми озмун бо қарори Комиссияи озмунӣ барои таъин гардидан ба мансабҳои мазкур тавсия дода шуданд.