Баргузории шанбегии дастҷамъона дар саҳни Кумита
Санаи 26 феврали соли равон дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тозагии муҳити зист ва ободу зебо нигоҳ доштани саҳни Кумита, шанбегии дастаҷамъона доир карда шуд.
Дар ин шанбегӣ ҳамаи кормандони дастгоҳи марказии Кумита ширкат намуда, гулҳои ҳаррангаи мавсимию бисёрсола шинонида, баҳри ободию шукуфоӣ, тозагию назофат ва сабзу хуррамгардонии муҳити коргоҳ дар саҳну гирду атроф ва дохили бинои асосии Кумита тадбирҳои лозимаро роҳандозӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки чунин шанбегиҳо хусусияти доимӣ гирифта, таҳти назорати роҳбарияти Кумита қарор дорад. Имрӯзҳо, ки шаҳри Душанбе ба як макони дилфиреб, макони гулгаштҳои зебою беҳамто, шаҳри сулҳу ваҳдат, хонаи умеди тоҷикону тоҷикистониён ва тоҷикони ҷаҳон мубаддал гардидааст, роҳбарият ва аҳли кормандон низ дар ободу зебо гардонидани диёри азиз-пойтахти ватани биҳишосоямон саҳмгузор мебошанд.
Бахши итттилоот ва робита бо ҷомеаи Кумитаи
бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон