БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ НУҲМОҲАИ КОРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.
Санаи 09.10 соли 2020 дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Кумита, муовинон сардорони раёсат, шуъба, бахш ва мудирони марказҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ фаъолияти нуҳмоҳаи мақомоти бехатарии озуқаворӣ баррасӣ карда шуд.Муовини раиси Кумита сараввал вобаста ба дастовард ва мушкилотҳои соҳавӣ дар самти байторию зотпарварӣ, фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ дар нуҳмоҳаи соли 2020 баромад намуда, дар раванди музокира ҳалли масалаҳои ҷой дошта аз ҷониби роҳбарияти Кумита муҳокима ва мавриди таҳлил қарор дода шуд.Сипас тибқи вақти муайншуда сардорони раёсат, шуъба, бахш ва мудирони Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ вобаста ба дастовардҳои нуҳмоҳаи фаъолияти кории худ ва ҳалли камбудиҳои ҷойдошта дар самти таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ баромад намуданд.Пас аз баромади зерсохторҳои Кумита таъкид карда шуд, ки солими аҳолӣ аз истеъмоли маҳсулоти бехтари озуқаворӣ вобаста аст. Бо ин мақсад ҳар дастурҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъмини бехтарии маҳсулоти озуқаворӣ ба Кумита фармоиш дода мешавад, сарбаландона он бояд дар заминаи тадбиқи қонун ва барномаҳои амалкунандаи соҳавӣ саривақт иҷро гарданд.Аз ин рӯ назорат ва таъмини маҳсулоти бехатари озуқаворӣ ҳамчун ҳадафи стратегӣ рисолати асосии фаъолияти кории мақомоти бехатрии озуқавориро ташкил дода, маҳз бо густариши ҳамкориҳо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣҷиҳати баланд бардоштани маданияти хариду фуруш ва истеъмолии аҳолӣ ва таҳияи ролику барномаҳои тарғиботию ташвиқотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма дар ин самт, имкон медиҳад мо ба ҳадафи дар пешгузоштаи худ яне таъмини амнияти озуқаворӣ ва бехатарии он ноил гардем зикр карда шуд дар натиҷагирии ҷамбасти нуҳмоҳаи фаъолияти корӣ аз ҷониби роҳбарияти Кумита.
Маркази матбуотии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.