Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон

Санаи 14 марти соли равон бо ташаббуси Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазорату кумитаҳои  дахлдор бахшида ба таҷлили «Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» дар Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

     Муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ширин чорабиниро ифтитоҳ бахшида, иброз доштанд, ки бо назардошти сатҳи ҷаҳонӣ доштан 9 апрели соли 1985 Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагон қабул гардид, ки мақом ва мартабаашро дар сатҳи байналмилалӣ баланд бардошт. Дар таърихи 25 ноябри соли 2010 ҷаласаи нахустини Шӯрои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ин бобат қарори махсусро ба тасвиб расонид, ки минбаъд дар мамлакатҳои ИДМ 15 март ҳамчун “Рӯзи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” пазируфта, ҳамасола таҷлил карда  мешавад.

    Зимни чорабинӣ намояндагони сохторҳои марбута оид ба ин мавзӯъ аз иҷрои корҳои анҷомдодашуда дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳисобот доданд.

   Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармутахассиси Шуъбаи назорати байторӣ ва зотпарварӣ Ҳамидов Исматулло дар баромади худ иттилоъ дод, ки дар  асоси нақшаи чорабиниҳо аз ҷониби шахсони масъули Кумита дар бозорҳои истеъмолӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ гузаронида шуд, инчунин ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳуҷҷатҳои маърифатӣ бо шарҳу тавсияҳо дар намуди буклетҳо, плакатҳо ва брошураҳо омода карда шуда,  паҳн карда шуд. Аз ҷумла 1 буклет оид ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, 5 намуд буклетҳо доир ба роҳҳои гузариш ва пешгирии бемориҳои сироятии махсусан хавфноки ҳайвонот дастраси омма гардонида шуд.

      Бо мақсади ҳимояи манфиатҳои ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар тамоми бозорҳои истеъмолӣ ва нуқтаҳои бузурги фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ 65 адад озмоишгоҳҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ, Маркази миллӣ ва 22 адад марказҳои ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият бурда истода, тамоми маҳсулот баъди назарсанҷӣ барои истифода ва истеъмол иҷозат дода мешавад.

     Аз ҷониби мутахассисони Озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ дар соли 2021 дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1 100 768 ташхис гузаронида шудааст, аз он ҷумла 245 508 ташхиси гӯшт ва маҳсулотҳои гӯштӣ, 106 956 ташхиси шир ва маҳсулоти ширӣ,   12 253 ташхиси равған, 64 385 ташхиси тухм, 7 823 ташхиси маҳсулоти моҳигӣ, 5 971 ташхиси асал, 67 521 ташхиси маҳсулотҳои намакин, 46 303 маҳсулоти хушк, 511 339 ташхиси мева ва буттамеваи тару тоза, 32 709 ташхиси маҳсулотҳои полезӣ гузаронида шуда, аз ин ҳисоб тибқи талаботҳои байторию беҳдоштӣ маҳсулотҳои ба истеъмол ҷавобгӯ набуда, аз ҷумла 42 774,4 кг маҳсулоти гӯштӣ, 16 599,7 кг (литр) маҳсулоти ширӣ, 1 795,7 литр равғани растанӣ, 25 714 дона тухми паранда, 852,9 кг моҳӣ, 602,6 кг асал, 4 344,3 кг маҳсулотҳои намакин, 7 474,2 маҳсулоти хушк, 144 035,6 кг меваю сабзавот ва 29 942,4 маҳсулоти полезӣ, ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок муайян карда, аз фурӯш боздошта шуда, нобуд карда шудаанд.

     Аз ҷониби иштирокдорон ба намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон  ва Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон саволҳо дода, ба онҳо  ҷавобҳои қаноатбахш дода шуданд.

     Дар фарҷом муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ширин чорабиниро ҷамъбаст намуда, барои онҳое, ки саҳми арзандаи худро дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ намуд.