дарси сиёсӣ
Оиди суханронии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати савгандёдкуниашон ба мақоми нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои 7 соли минбаъдаи кишвар дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси сиёсӣ гузаронида шуд.Санаи 19-уми декабри соли 2020 дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси роҳбарияти Кумита доир ба суханронии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати савгандёдкуниашон ба мақоми нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 7 соли ояндаи кишвар, ки санаи 30-юми ноябри соли 2020 ба мардуми шарифи мамлакат ироа намуда буданд, дарси сиёсӣ гузаронида шуд.Дар ҳамоиши мазкур муовинони Раис, сардорони Раёсат, мудирони бахш, Шуъба ва зерсохторони Кумита иштирок доштанд. Сараввал муовини якуми Раиси Кумита Ширинҷонзода Маҳмуд Ширинҷон бо сухани ифтитоҳӣ, кори ҳамоишро ҳусни оғоз бахшида, иброз доштанд, ки суханронии пурмуҳтавои Пешвои миллатро бояд тамоми хизматчиёни давлатии вазорату идораҳо сармашқи кори доими худ қарор дода, махсусан кормандони Мақомоти бехатарии озуқаворӣ дастурамали рӯймизии худ қарор диҳанд.Дар идома маърӯзаи Мудири бахши иттилоот ва робита бо ҷомеаи Кумита Забирзода Олимҷон вобаста ба 20 масъалаи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат баррасӣ намудаи Роҳбари давлатро муҳокимаронӣ намуда, таҳлил ва шарҳ доданд. Иброз доштанд, ки тадбиқгардии ҳадафҳои 7 солаи минбаъда заминаҳои рушди устуворро дар кишвар фароҳам месозад.Дар интиҳои ҳамоиш, аз ҷониби шунавандагон перомуни мавзӯи баррасишуда саволҳо ба таври хаттиву шифоӣ пешниҳод гардид, ки аз ҷониби маърӯзакунанда посухҳои мушаххас ба онҳо гардонида шуд.
Маркази матбуоти Кумитаи бехатарии
озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.