Экстремизм ва терроризмро маҳкум менамоем
Cанаи 24 сентябри соли 2022, дар бинои Кумита бо иштироки пракурори калони Прократураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҷонибек Назар ҷихати омӯзиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021,№187 "Дар бораи Стартегия муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикситон барои солҳои 2021-2025"ҷаласа баргузор карда шуд.
Назарзода Ҷонибек Назар доир ба Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар назди ҳозирин банд ба банд таҳлил ва гузориш дод.Яке аз самтҳои асоси Стартегия муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикситон барои солҳои 2021-2025" пешгирии ҳолатҳои экстремистӣ ва террористӣ буда барои бартараф намудани он ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи тамоми қишрҳои ҷомеа муҳим шуморида мешавад. Роҳбарияти Кумита барои ҳамкории судманд бо Прократураи генерали ва дигар мақомотҳои қудратии Кишвар барои амали созии Стратегияи мазкур ҳамеша омода буда ва аз ҳамаи имкониятҳои худ истифода мебарад.