Фаъолияти китобхонаҳои бахшу шӯбаҳои Кумита бехатари озуқавории назди Ҳукутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мадди аввал қарор дорад.
Тибқи протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми майи 2022 -таҳти №5 барои амали сози ва ташкили китобхонаҳо.Мудири китобхонаи Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Назарова Ҷ. Р ва сармутахассиси шӯъбаи таъминоти ҳуқуқии ва кадарҳои Кумитаи бехатарии озуқаворӣ.Қосимҷон Абдураҳимов ба китобхонаҳои марказҳои таъминоти Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар н.Данғара ва ш.Кӯлоб китобҳои илмӣ ва,бадеиву, соҳавӣ тақдим намуданд. Ҳамзамон ба масъулин ва фаъолияти китобхонаҳо дар марказҳои таъминоти Кумитаи бехатарии озуқавории н.Данғара ва ш.Кӯлоб шинос шуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки тибқи супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши китоби «Тоҷикон» дар Кумита ва марказҳои он бароҳ монда шудааст.
Дар ин сафар мудури Китобхонаи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сармутахассиси шӯъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрҳои Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ба дарсҳои хониши китоби «Тоҷикон» дар маркази таъминоти Кумитаи Бехатарии озуқворӣ дар н.Данғара ва ш.Кӯлоб иштирок намуда, андешаҳои худро барои хубу беҳтар гузаронидани хониши китоби «Тоҷикон» иброз намуданд.Ба гуфтаи Мудири китобхонаи Кумита Назарова Ҷ. ба дигар марказҳои таъминоти Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурӣ, таъмини китобҳои ихтисоси ва илмию бадеӣ дар оянда дар назар дошта шудааст.