Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

ИНТИХОБИ КАДҲРОИ БОМАҲОРАТУ СОҲИБТАҶРИБА ДАР КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.

IMG 20210423 WA0013

 

    Санаи 23 апрели соли 2021, дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун барои ишғоли мансабҳои холии хизматчии давлатӣ бо иштироки намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.  Бояд гуфт, ки баргузории ин озмун, пас аз эълони он барои ишғоли мансабҳои холӣ, тариқи шабакаҳои телевизионию радиоӣ рӯзномаю сомонаҳои расмӣ-давлатӣбарои 7 ҷойи кори холӣ аз рӯи вазифаҳои пешниҳодшуда, 6 нафар довталабон фаъолона иштирок намуданд.Дар фарҷоми озмун довталабони  баландихтисосу соҳибтаҷриба, аз ҷониби аъзои комиссия интихоб гардида, аз рӯи вазифаҳои интихобнамудаашон ба кор қабул карда шуданд.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.