НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 202
Санаи 16 июли соли 2020, дар асоси Нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2020 дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотии раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш сараввал раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло баромад карда, қайд намуданд, ки роҳбарияти Кумита аз ҳамкорӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд қаноатманд буда, маҳз дар нимсолаи аввали соли 2020 вобаста ба дастовардҳои Кумита оид ба таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ ҳамчун ҳадафи стратегии ҳукумати мамлакат 50 адад гузоришу барномаҳои телевизионӣ, 6 мақола вобаста ба таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ таҳти унвони «Вақте, ки ҷомеа солимаст», «Рисолати мост таъмини маҳсулоти бехатар», «Пешгирии бемориҳои сироятии аз ҳайвон ба инсон гузаранда», махсусан «Пешгирии бемории сироятии КОВИД-19» ва 10 адад баромади радиоӣ танҳо дар воситаҳои ахбори оммаи сатҳи ҷумҳурӣ таҳия гардида, пешниҳоди аҳолӣ гардонида шуд.
Таъкид карда шуд, ки фаъолияти Кумита доир ба самти таъмини бехатарии озуқаворӣ, ҳифзи солимии ҷомеа, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳуқуқи истеъмолкунандагон равона гардида, бо ин мақсад дар давоми нимсолаи соли 2020, дар самти назорати чорабиниҳои зидди эпизоотӣ, фитосанитарӣ ва карантинӣ, тухмии зироатҳои кишоварзӣ ва зотпарварӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Оид ба ворид намудани молу маҳсулоти озуқаворӣ, аз ҷумла гӯшт, шир, меваю сабзавот, тухми ғизоӣ ва инкубатсионӣ, моҳӣ ва маҳсулоти он, хӯроки чорво, маводҳои байторӣ ва дорувориҳои соҳавӣ, кирмаки пила, таҷҳизоти соҳаи парандапарварӣ ва дигар маҳсулотҳои воридотӣ таҳти назорати доимӣ қарор доранд.
Бо мақсади рушд ва вориду таъмин намудани таҷҳизотҳои муосири озмоишӣ, Кумита дар ҳамкори бо шарикони рушд ва дигар ташкилоти байналмилалӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.
Дар анҷоми нишасти матбуотӣ пас аз ҷавоб гардонидан ба саволи намояндагони воситаҳои ахбори омма аз ҷониби раиси Кумита ёдоварӣ гардид, ки Мақомоти бехатарии озуқаворӣ барои огаҳӣ пайдо кардани ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати таъмини маҳсулоти бехатарии озуқаворӣ бо тамоми воситаҳои ахбори оммаи мамлакат, ҳамкориҳои пурсамари худро ба роҳ монда, дар оянда низ барои баланд бардоштани маданияти хариду фурӯш ва истеъмолии шаҳрвандон, татбиқ ва амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии амнияти озуқаворӣ солҳои 2020-2024», бо шабакаҳои телевизионию радиоӣ, рӯзномаву маҷалаҳо ҳамкориҳояшро тавсеъа бахшиданист.