Кӯмаки навбатии Кумитаи бехатарии озукавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар партави сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барқияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 5-уми декабри соли 2022 таҳти №24/10-67) Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишкадаи сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Соли нави мелодӣ кӯмаки яквақтаина намуд.
Кӯмак асосан аз маводи ғизоӣ, аз ҷумла орд (100 кг), картошка (300 кг ), пиёз (200 кг), биринҷ (100 кг), шакар (50 кг), макарон (50 кг ), сабзӣ (50 кг), нахуд (20 кг ), приловка (20 кг), лубиё (20 кг ), нимнахуд (20 кг), марҷумак (20 кг), равған (20 литр) ва консерваи гӯштӣ (220 қутти ) иборат буд. Қайд намудан ба маврид аст, ки ин иқдоми хайрхоҳона охири кор набуда, қаблан низ дар арафаи Идҳо ва ҷашнвораҳо Кумита кӯмакҳои беғаразонаи худро бо дигар имтиёзмандон расонидааст.
Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ барои дастгири ва кӯмак ба ниёзмандон дар доираи ваколатҳои худ омода буда, саҳми худро мегузорад.