Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Конститусия-бахтномаи миллат.

sarkonun

3-юми ноябр дар Кумитаи бехатарии озукавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 28-умин солгарди қабули Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.

Чорабинии идонаро Раиси Кумита, муҳтарам Файзуллозода М.У кушода ҳозиринро ба ин санаи муҳими таърихӣ барои миллати тоҷик шодбош намуд.

Раиси кумита доир ба паҳлуҳои инсонмеҳварии Конститутсия сухан карда иброз доштанд,ки "Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат Конститутсия раҳнамои миллати мо гашт ва арзишҳои олии ватандӯстӣ ва худогоҳии миллии мо низ аз ин бахтномаи миллат сарчашма мегирад ".

Ҳамчунин дар чорабинӣ устоди кафедраи Ҳуқуқи Конститутсиони,факултети Ҳуқуқшиноси ДМТ,номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Имомов Ҳ.Ш иштирок ва баромад намуд.

Мавсуф зимни баромади худ якчанд моддаҳои Конститутсияро шаҳру тавзеҳ дода, доир ба намунавӣ ва дар сатҳи Конститусияҳои кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон қарор доштани он ибрози назар намуд.